arzon replenishment
Худкушии 14-духтари ошиқ барои ҳиндубача (10 акс)
5510

 

Ҳунарманди ҷавони ҳинду Руслан Мумтоз тавассути нақшҳои ошиқонаи дар филмҳои Болливуд бозидааш дар саросари ҷаҳон машҳур гаштааст.

Ин ҷавони ҳунарманд соли 1983 дар шаҳри Деҳлї ба дунё омадааст. Волидонаш Анчина ва Каран солҳои дароз дар орзуи фазанд буданд ва тавлиди Руслан барои онҳо беҳтарин туҳфаи тақдир гашт. Зану шавҳари дар ҳасрати фарзанд сӯхта аз хурсандӣ он рӯз ба тамоми маҳалла тӯй ва зиёфат доданд.

Бачаи эрка

Модари Руслан-Анҷона Мумтоз яке аз ҳунарпешаҳои машҳури Ҳиндустон ба шумор мерафт, вале доғи бефарзандӣ ин бонуи ҳунармандро он қадар дилафгор намуда буд, ки рӯзҳоро бо гиря бегоҳу шабҳоро бо оби дида саҳар мекард. Анҷина муддати 15-сол дар ҳасрати фарзанд сӯхта, чунон обу адо гашта буд, ки баъди тавлиди Руслан дилаш намешуд, ки ӯро ба замин монад. Падари тоҷиарш низ Русланро эрка карда, гули чизро барояш мехарид. Ҳамин тавр волидонаш ӯро эркаю азиз калон карда, намемонданд, ки ба пояш хоре халад. Вақте ки писарак мактабхон шуд, мдараш ба серкориаш нигоҳ накарда худаш ӯро ба мактаб мебурду меовард.

Бо роҳи модар

Руслан пас аз хатми мактаб бо роҳи модараш рафта, бо розигии волидонаш ба Донишгоҳи актёрии ба номи Анупам Кхарра дохил шуд. Анҷинаро барои нақшофарї зуд-зуд ба филмҳо даъват менамуданд ва Руслан гоҳо модарашро ҳамроҳӣ менамуд. Синамогарон бо дидани ин ҷавони зебо дарҳол пай бурданд, ки пайдо шудани чунин қаҳрамон дар экран дили миллион духтаронро обу адо хоҳад кард ва Русланро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Аввалин филме, ки Руслан Мумтоз дар он нақш бозид «Ишқи аввали ман» унвон дошт. Дар ин филм партнёри актриссаи аллакай шинохта Приянка Чопра буд. Аслан ҳунармандони ҷавон вақте дар майдони наворгирӣ бо ҳунарманди аллакай шинохта рӯ ба рӯ мешаванд, худро гум мекунанд, вале Рустан худро хеле озод ҳис мекард ва нақшашро чунон табиӣ бозид, ки ҳатто мунаққидони сахтгир ба ӯ офарин хонданд.

Очаю бача дар як саҳна

Пас аз ин коргардон Дени Бойл Русланро ҳамроҳи модараш ба филми «Миллионер из трущоб» даъват намуд. Модару писар ончунон дар ин филм нақшҳояшонро самимӣ бозӣ карданд, ки тамошобинон гумон карданд ин ҳодисаҳро на дар кино, балки дар ҳаёти реалӣ дида истодаанд.

Баъди ин ду филм Руслан дигар ором зиста наметавонист. Аз як тараф коргардонҳо ба ҷону ҳолаш намонда ӯро ба филмҳои нав ба нав даъват мекарданд, аз ҷониби дигар духтарҳои ошиқ мисли соя аз пасаш гашта, ҷонашро ба лабаш меоварданд.

Қасоси Приянка

Дар байни духтароне, ки ошиқи зори Руслан Мумтоз гашта буданд, занҳои номдор низ буданд. Аз ҷумла катрина Кайф ва Приянка Чопра дар ишқи Руслан мисли ҳезуми тар сӯхта, намедонистанд сарашонро ба куҷо занад. Берун ба саҳнаи кино Рустан ба Приянка таваҷҷӯҳ намекард ва ин рафтори актёри ҷавон ғазаби актриссаи шинохтаро меовард. Вай роҳи аз ӯ интиқом гирифтанро меҷуст. Приянка аз ягон пастӣ рӯй натофта Русланро тӯҳмат кард, ки гӯё одам кушта бошад, аммо ҳақиқат дере нагузашта рӯйи об баромад ва ҷавони бегуноҳро озод карданд.

Пас аз ин ҳодиса Анчина дигар ба писараш иҷозат намедод, ки бо ин духтари хатарнок дар филмҳо нақш бозад, аммо...

Душманҳои худӣ

Ба Руслан натанҳо хонумҳои Болливуд, балки ҳатто мардон низ бахилӣ мекарданд. Аз ҷумла шоҳи Болливуд-Шоҳрух-Хон ва Салмон-Хон, ки ҳунарманди дигари машҳури ҳунду, ки ҳамчун ситораи синамо дар сар то сари олам машҳур гаштааст, дар як муддати кӯтоҳ шуҳрат ёфтани Русланро дида, ба ғазаб меомаданд. Шоҳрух ва Салмон дар рӯйи ин ҳунарманди ҷавон чизе нагӯянд ҳам, дар пасаш Руслан мумтозро танқид карда, филмҳояшро паст мезаданд, аммо аз ин эродгириҳо шумораи мухлисону ошиқони ин ҷавони ҳунарманд кам нашуда, баръакс торафт меафзуд...

 

Шоҳи дили духтарон

Ҳамин тавр Руслан Мумтоз дар филмҳои пурмоҷарои ошиқона аз қабили «Муҳаббати хатарнок», «Мастанг», «Ба куҷо равонаї» ва «ҳамроҳи ту» нақш бозида ба шоҳи дили миллион духтарони нозанин табдил ёфт. Зеботарин духтарони Ҳиндустон дар орзуи висоли ин ҷавони зебо сӯхта обу адо мешуданд ва тайёр буданд, ки ба пеши пояш зар резанд, агар як шаб меҳмонашон гардад, аммо Руслан, ки дар оила тарбияи ҷиддӣ гирифта буд, аз чунин Лайлиҳо худро дар канор мегирифт. Саркашии ҷавон боиси он гашт, ки пай дар ҳам 14 духтари ошиқ аз ишқи Руслан даст ба худкушӣ заданд. Рафтори беақлонаи ин духтарҳои дилдода актёри ҷавонро чунон аз ҷинси зан гурезон намуд, ки дигар ҳатто дар базмҳои ашрофона худро аз хонумро дур мегирифтагӣ шуд...

Руслан чиро дӯст медорад?

Руслан бисёр ҷавони хушчақчақ аст. Ӯ дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки пӯшидани шиму кастюмро дӯст намедорад. Либоси писандидааш ҷинс ва футболка мебошад. Дар асл харидорони зиёде дошта бошад ҳам, ҷавони духтарбоз нест ва бо эҳсосоти дигарон бозӣ кардан намеххоҳад. Оиларо муқаддас меҳисобад. Дар ҳаёт аз ҳама ганҷи қимматтарин барояш модараш буда, бо падараш ифтихор мекунад. Руслан Мумтоз иқрор шудааст, ки дар ҳаёт аз ду чиз метарсид: интихоби зан ва раду барқ!










Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сенорита 2019-10-12, 21:42
Шохруххон ва Салмонхон дигар кор надоранд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сенорита 2019-10-12, 21:42
Шохруххон ва Салмонхон дигар кор надоранд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД