formula
"Хуррам-султон" ба Ӯзбекистон омад, ба Тоҷикистон кай меояд?
478


Ҳунарпешаи машҳури олмонитабори турк Марям Узерлӣ, ки мухлисону ҳаводорони синамо бештар ҳамчун Хуррам-султон аз сериали машҳури “Великолепный век” мешиносанд, барои суханронӣ дар мавзӯи истиқлолияти занон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон омад.

Ҳунарпешаро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд мухлисони зиёд бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд. Инчунин ҳунармандон, рӯзноманигорон ва блогерон ба пешвози Марям Узерлӣ баромада, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Марям Узерлӣ истиқболи гарми мардуми Ӯзбакистонро ситоиш карда, дар саҳифаи инстаграми худ навореро аз фурудгоҳ намоиш додааст. Дар навор лаҳзаҳои пешвозгирии ҳунарманд дида мешавад.

Марям Узерлӣ ба ҳайси сухангӯ дар мавзӯи истиқлолияти занон бо даъвати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд омадааст. Ӯ дар семинар аз истиқлолияту озодии занон ва ҳамзамон аз асрори муваффақиятҳои худ нақл кардааст.

Дар ин бора Узерли дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Instagram хабар додааст. "Ташаккур, ки маро ба Тошканди Ӯзбекистон даъват кардед. Мо дар бораи тавонмандии занон ва чӣ гуна шавқовар кардани таҳсил ва сохтани пулҳо сӯҳбат кардем", навиштааст ҳунарпеша дар ин паём.

Марям Узерли 41-сол дошта, соҳиби ду гулдухтари зебо мебошад. Ин ҳунарпешаи муваффақ дар филмҳои машҳури "Асри пурҳашаммат”, "Захми модар", "Мафия наметавонад ҷаҳонро ҳукмронӣ кунад", "Занбӯри асал" ва даҳҳо сериалҳои дигар нақш офаридааст, вале мардум ӯро бештар ҳамчун "Хуррам-султон" мешиносанд.

Умедворем, ки ин ҳунарпешаи маъруф ба Тоҷикистони мо низ сафар карда, таассуроташро аз меҳмоннавозии гарми тоҷикон ва табиати зебою афсункори ин диёри биҳиштосо дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки миллионҳо нафар хонандаву тамошобин доранд, баён хоҳад кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД