arzon replenishment
Хушдоман ҷаримаю келин хонавайрон шуд
25.02.2023
Оила
1679


Чанд ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Мадина Сиддиқзода, сокини шаҳри Исфара, барои хӯрдани пораи ноне аз ҷониби хушдоманаш мавриди фишору азоб қарор гирифтааст.

Тавре дар сабти видеоӣ дида мешавад, хушдоман келинро ба навор гирифта истода, маҷбур месозад, ки дигар нисбати аҳли оилаву шавҳараш ноҳурматӣ накунад ва ин гуфтугӯро ба ягон нафар хабар накашад.

Келин ҳам суханони гуфтаи хушдоманашро такрор мекунад. Дар охир хушдомани бадҷаҳл исрор менамояд, ки сабти видеоиро ҳатман дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад.
Паҳн гаштани навори мазкур баҳсу ҷанҷолҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард.

Гурӯҳе мегӯянд, ки ин нишонаи ҳоло ҳам ба келин чун ғулом ва ё хизматгор муносибат кардан дар оилаи шавҳар аст ва гурӯҳи дигар чунин муносибатро аз сатҳи пасти маърифат ва надоштани дониши қазоии аҳолӣ медонанд. Мардуми шаҳри Исфара аз масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила хостанд, ки ин мавзӯъро пайгирӣ намоянд.

Намояндагони ниҳоди мазкур дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара ба ин хонавода рафта, бо хушдоман ва келини хона суҳбати инфиродӣ анҷом дода, сабаби муносибати бераҳмонаи хушдоманро муайян намуданд.

Бар замми ин, аъзоёни Шӯрои занони шаҳри Исфара ҳодисаи нангини дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи арӯсу хушдоманро сахт маҳкум намуда, сабаби рух додани чунин рӯйдодро дар ҷаҳолату маърифати пасти хушдомани золим, косташавии арзишҳои оиладорӣ, аз надонистани фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ, риоя накардани оддитарин одоби муошират ва эҳтироми аъзоёни оила байни бархе аз оилаҳо донистанд.

Раиси Кумитаи занон ва оила нашри навори Мадинаро хуш қабул накардааст ва мегӯяд :"Агар мақсади мо пешгирӣ кардан бошад, сохторҳои давлатӣ ҳаст. Масъалаи Мадина зери назорат аст, вале мушкилот чӣ аст?

Мушкилоти иҷтимоӣ, хонаводагӣ, мушкилоти бетарафӣ. Бо келину хушдоман суҳбат гузаронида шуд, вале хушдоманаш на ҳамаи ин чизҳое, ки ҳастанд, ба гардан мегирад.”
Мадина айни ҳол хонаводаи шавҳарашро тарк намуда, дар хонаи аммаш зиндагӣ дорад, зеро ӯ нимятим буда, ҷойи дигаре барои иқомат надорад.

Мадина танҳо ашк мерезаду дигар чизе намегӯяд. Шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, аз чунин рӯз гузаронидани ӯ хабар надоштааст.
Айни замон нисбати хушдомани Мадина тибқи моддаи 931-и ин кодекс барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” парванда боз гардидааст, ки мувофиқи он аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Нашри наворе, ки дар он Мадина барои нонхӯрӣ аз сӯйи хушдоманаш мавриди “бозпурсӣ” қарор ширифта, сарзаниш карда мешуд, хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт ва садҳо нафар омодаи кӯмак ба ӯ шуданд. Занҳои зиёде нисбати бераҳмиву таҳқири хушдомани Мадина норозигӣ баён карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ Мадинаро пуштибонӣ кардаанд.

Ногуфта намонад, ки вақтҳои охир чунин ҳодисаҳо дар кишвар хело зиёд рух медиҳанд.Шояд ба мисли Мадина чандин келинҳои дигар бошанд, ки дар хонаи шавҳарашон мисли ғулом кор карда, барои хӯрок хӯрдан иҷоза надошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД