Шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2025 бо қарори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони баъзе соҳаҳо, нафақаи пиронсолон ва стипендияи донишҷӯён аз 10 то 30% зиёд шуд.
Аз ҷумла:
- Музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ (боғчаҳои бачагона) дар ҳаҷми 30%.
- Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва хизматчиёни давлатӣ 20%.
- Нафақаи пиронсолон 10%.
Стипендияи донишҷӯён, аз ҷумла стипендияи президентӣ 20% зиёд карда шудааст.
Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон акнун 1000 сомониро ташкил медиҳад.