arzon replenishment
Хусури Азиза: Келин бояд ҷазо гирад, вале писарам гуноҳ надорад!
8861


Қазияи Мадина Мамадҷонова, ки аз ҷониби Азиза Давлатова дуздида шуда, мавриди шиканҷа ва лату кӯб қарор гирифтааст, дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоию васоити ахбори омма вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Ёдрас мешавем, ки ин ҷавонзани 32-сола бар асари лату кӯб ҳамсари қонунии марди дӯстдоштааш Парвиз (Лутфулло) Давлатов –Азиза Давлатова ба кома афтодааст ва айни замон дар беморхонаи Қарияи Болои пойтахт дар ҳолати вазнин қарор дорад. Табибон мегӯянд, майнаи сари ҷавонзан бар асари лату кӯби зиёд сахт зарар дидааст.
Қаблан бо шарофати “Қонуни авф” Азиза аз ҷавобгарӣ барои амали бераҳмонааш дар амон монда буд, вале баъди он ки ин қазия расонаӣ гашта, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ онро зери назорат гирифт, кор ранги дигар гирифта, санаи 1-ноябр Азиза Давлатова ва шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов боздошт шуданд. Зану шавҳар дар одамрабоӣ ва шиканҷаи Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешаванд, аммо...
Тавре ки Пресса. ТЧ дар такя ба Радиои Озоӣ навиштааст, Давлаталӣ Давлатзода, падари Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар ин моҷаро даст доштани писарашро рад мекунад.
Давлаталӣ Давлатзода, ки дар гузашта дар мансаби муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили порлумон кор мекард, бар он назар аст, ки арӯси хонадонаш Азиза Давлатова бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, лекин барои чӣ писараш Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, намефаҳмад.
«Аввал ин ки Парвиз дар он моҷаро ширкат надошт. Вай дар Душанбе буд. Ҳодиса берун аз шаҳр рӯй додааст. Аз рӯйи таблограммаи телефонаш ин чиз маълум аст ва Парвиз ҳуҷҷатҳоро ба муфаттишон пешниҳод кардааст. Дуюм, аз замони ҳодиса то рӯзи дастгир шудан, Парвиз ҳар рӯз соати 5-6-и субҳ рафта, аз пайи муолиҷаи Мадина мешуд. Барои ин кор маблағи зиёд ҳам қарздор шудааст, чун бояд ҳар рӯз дору мебурд,»-таъкид кардааст зимни сӯҳбат Давлаталӣ Давлатзода.
Падари Парвиз мегӯяд, келинаш аз сари рашк ба ин амал даст задааст, вале дар бораи бо Мадина Мамадҷонова чӣ муносиат доштани писараш ягон маълумот надодааст.
Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки Парвиз (Лутфулло) ва Мадина дар як ширкати мобилӣ якҷоя кор мекарданд.
Мақомот то куҷо даст доштани Парвиз (Лутфулло) Давлатовро дар ин моҷаро шарҳ надодаанд ва ҳанӯз маълум нест, ки ин қазия бо чӣ анҷом меёбад.

МАВОДҲОИ ҚАБЛИРО ДАР ИН МАВЗӮЪ БИХОНЕД:
Рашки Азиза Мадинаро якумра маъюб кард

Рустами Эмомалӣ шахсан парвандаи Мадинаро таҳти назорати худ гирифт!

 Азизаро боздошт намуданд, зани бадрашкро чӣ интизор аст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД