Arzon march 2024
Хусусиятҳои шифобахшии ҳалвои тар
731


Ҳалвои тар ширинии боллазат буда, дар иду ҷашн ва тӯю маъракаҳо ба дастурхони мардуми тоҷик зеб мебахшад. Ин навъи шириниро дар баъзе минтақаҳо тарҳалво ё тарак низ меноманд.

Пухтани ҳалвои тар дар тӯю сур, идҳои рамазону қурбон ва маъракаҳои мотамӣ дар Истаравшан аз қадим ба ҳукми анъана даромадааст.

Тӯй ва мотам бе ҳалвоитар намешуд!

Дар тӯю сур ҳалвои тарро рӯзи фотиҳа соҳиби духтар пухта, пешаз дигар шириниҳо назди меҳмонон мебарад. Ҳозирин онро чашида, дуо мекунанд, ки ҳаёти ҷавонон дар зиндагӣ ба мисли ҳамин ҳаво ширин шавад. Пас аз як рӯзи тӯй низ саҳарии барвақт соҳибони духтар ҳалвои тар ва гӯшбирён пухта ба хонаи домод мераванд. Тарафи домод қисме аз гӯштбирён ва як пиёлагӣ ҳалвои тарро ба ҳамсояҳо ва хешу табори наздики худ тақсим мекунанд, то ки онҳо низ ин шириниро чашида, дар ҳаққи навҷавонон дуои хайр намоянд.

Пештар шаби никоҳ низ дар назди домоду арӯс ҳалвои тар мегузоштаанд, ғайр аз ин, рӯзи туй дар тарабхона ва ё хонае, ки дар он базм доир мегардад, рӯйи дастурхон ҳатман ҳалвои тар мемондаанд.

Ҳалвои тарро дар рӯзи хатнасур ҳам мепазанд.

Меҳмонони ба тӯй омада бо умеди ширин шудани давоми умри ин писарча ҳалвои тарро лесида, дар ҳаққи шаҳбачаи хурдсол дуои нек мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳалвои тарро дар хонаводае низ мепазанд, ки дар он мотам шудааст. Маъмулан дар хонадони азодорон ҳалвои тарро дар рӯзи маъракаичили маит мепазанд. Ҳавлои тарро аввал фарзанди дӯстдоштаи шахси вафот карда мелесад, пасон меҳмонони ба таъзияи омада ҳам бо ангушти ятимак шириниро мечашанд.

Тарзи пухтани ҳалвои тар

Барои пухтани 10л ҳалвои тар маҳсулоти зерин зарур мешавад: як коса орд, як коса равған, даҳ, литр об, панҷ кг набот...

Сараввал равғанро дар дег доғ кардан лозим аст. Пас аз ширин кардани равған ордро андохта, то сурх шудани он мекобанд, баъдан обу набот андохта, кофтанро идома медиҳанд. Ба ҷойи набот шакар андохтан мумкин аст вале хусусияти шифобахшӣ ва ширинии набот зиёдтар аст. Ҳалвои тарро то пухтанаш кофта истодан лозим аст. Вақте ки ҳалво тайёр шуд, онро ба табақҳо гирифта хунук мекунонанд ва баъд рӯйи дастурхон мегузоранд.

Хунукиро рафъ месозад!

 

Нақл мекунанд, ки пештар ба ҷавононе, ки нав хонадон шудаанд, ҳатман ҳалвои тар медоданд ва ҳатто паз аз тӯй як муддат домоду арӯс фақат аз ин ширинӣ истеъмол мекарданд. Сабаб дар он аст, ки миҷози ҳалвои тар гарм буда, хунукиро рафъ месозад. Ба ҳамин хотир ба шахсоне, ки ба дарди шикам ё шамолхурӣ гирифтор шудаанд, ҳалвои тар медиҳанд, зеро он ба дардҳои номбурда низ даво будааст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД