Formula novemver 2024
Кимиё Ҷураева: Ошиқонам аз мӯйи сарам зиёд, аммо...  
2249

 

-Кимиёбону, номи шумо бисёр камёб аст. Мегуфтед, ки ин номи зеборо ба шумо кӣ гузоштааст? 

-Номи ман таърихи аҷибе дорад. Як ҷӯраи наздики падарам Кимиё ном доштаанд. Он кас аз вилояти Бадахшон буданд. Кимиё номи растанӣ аст.

Рӯзи 25-уми май амаки Кимиё ба хонаи мо меҳмонӣ меоянд ва ҳамон рӯз ман ба дунё меоям. Азбаски падарам чанд сол боз ҷӯраашро надида будааст, номи ӯро ба мани навзод мегузорад. Азбаски мо ҳамном будем, амаки Кимиё маро доим ҷӯра гуфта механдиданд.

-Мабодо санъаткор намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?

ар баробари санъат ман варзишро беҳад дӯст медоштам. Дар аввал бародаронам ба ман иљозати санъаткор шуданро надоданд, бинобар ин, ҳуљљатҳоямро ба донишгоҳи варзиш супоридам. Намедонам хушбахтона бошад ё бадбахтона, бо сабаби беморї аз имтиҳон нагузаштам. Аз алам аз ҳама пинҳонӣ ҳуҷҷатҳоямро бурда ба донишкадаи санъат супоридам. Вақте ки бародараонам хабар ёфтанд, аллакай тамоми имтиҳонҳоро супорида будам, бинобар ин, дигар монеъ нашуданд.

-Шумо ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳо будед. Ошиқони чунин зани зебо ва машҳур албатта хеле зиёд будагистанд?

-Иқрор мешавам, ки ошиқони ман аз мӯйи сарам ҳам зиёд буданд, вале димл ҳалво нест, ки рӯйи лаълича гузошта. Ба ҳама тақсим кардан гирӣ. Ишқи ҳақиқиро ман танҳо баъди шавҳар кардан эҳсос намудам. Аслан, натанҳо ман, фикр мекунам, тамоми занҳо чунин хислат доранд. Он сӯзу гудозе, ки дар давраи ҷавонӣ ба назарат ишқ менамояд, баъди лаззати бахти ҳақиқро чашидану соҳиби оилаи обод ва фарзанд гаштан ба назарат бисёр хандаовар метобад.

-Барои хушбахтии зан чӣ муҳим аст?

-Медонед, хушбахтии зан дар дасти худи ӯст. Зане, ки зиндадил аст, ҳамеша чеҳраи кушода дорад, ҳатто чандон зебо набошад ҳам ба назар дилкаш ва нозанин менамояд. Яроқи аз ҳама пурқуввати зан ин табассуми зебост. Хоҳед, ки мурғи бахт аз китфатон парида наравад, ҳамеша табассум кунед.


Агар шумо ва ё наздиконатон аз бехобӣ азият мекашед, пас ба сӯҳбати мо бо ин табиби ҳозиқ мутаваҷҷеҳ бошед! Садриддиншоҳ Ҷалолӣ табобати 100%-и бедорхобиро кафолат медиҳад! 


 

-Бисёр занҳо аз бемеҳрии шавҳар ва дағалии хушдоману душмании хоҳаршӯй шиква мекунанд...

-Ман фикр мекунам, ин чунни занҳо худашон ҳам чандон моҳи бе айб нестанд. Зан, агар шавҳарашро ҳамеша бо лаби пурханда пешвоз гирифта, барояш беҳтарин хӯрокҳоро тайёр кунад. Содиқу фаводор бошад. Ҳурмату иззати хусуру хушдоманро ба ҷо биёрад. Бо бародар ва хоҳарони шавҳараш дӯстона муносибат намояд, ҳаргиз хонавайрон намешавад.

-Дар ҳаёти ҳунармандон лаҳзаҳои аҷиб хеле зиёданд. Лаҳзае, ки шумо ҳаргиз онро фаромӯш карда наметавонед?

-Албатта зиёданд хотираҳои ширин, вале як лаҳзаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам. Боре як табиб ба ман занг зада хоҳиш кард, ки илоҷе карда як ба беморхона биёям. Ҳайрон шудам, ки ба духтур ман чи кор дошта бошад. Вақте ки ба бемористон рафтам, он табиб маро ба ҳуҷрае бурд, ки духтараке бо ранги парида мехобид. Бо дидани он духтарак аз ҷояш нимхез шуд ва “Апаҷон, шумо омадед” гӯён, об аз чашмонаш ҷорӣ гашт. Ман бо духтарак гарм аҳволпурсӣ карда, фаҳмидам, ки мухлиси ашадиам будааст. Баъди он ки аз палата баромадем, духтур ба китфам топ-топ зада гуфт: “Шумо мӯъҷиза кардед, мӯъҷиза! “ Ҳайрон шудам, ки ӯ чиро дар назар дошта бошад. “Кимиёбону, ин духтар фалаҷ шуда буд ва чанд моҳ боз аз ҷояш хеста наметавонист. Касе интизор набуд, ки дубора ба по мехезад. Шумо гӯё ба вай умри дубора бахшидед” гуфта, духтур ба ман изҳори миннатдорӣ намуд.

-Нияти дубора ба шӯр овардани мухлисонатонро надоред?

-Албатта дорам, бе ин намешавад. Ҳар гоҳ мухлисонам ба ман занг зада барои чӣ дигар суруд намехонед мегӯянд, курта-курта гӯшт мегирам, ки то ҳол мардум маро фаромӯш накардаанд. Ман ба хотири мухлисонам зиндагӣ мекунам ва ҳамеша дар фикри онҳо ҳастам.

Фарзона Маҳмадиева

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД