arzon replenishment
Шабнами Сурайё: Ҳанӯз аввали ишқ аст...(10 акси айёми ҷавонии Шабнам)
14136

Шабнами Сурайё-ин ном имрӯз натанҳо барои мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ, балки баҳри аксари форсизабонони олам ошнову азиз гаштааст. Ин духтараки сабзинарӯйи абрувонаш пари зоғ тавонист бо садои махмалину ширадор ва таронаҳои ҷаззобаш дар олами ҳунар инқилоб намуда, дар дилу дидаи ошиқони савту наво маъво бигирад. Имрӯз шумораи мухлисони Шабнами Сурайё ба чанд миллион нафар расидаву дар аксари кишварҳои ҷаҳон мардуми санъатдӯст бо камоли майл таронаҳои дилошуби ӯро гӯш мекунанд ва ба ҳунару маҳораташ аҳсан мехонанд.

3

2

Шабнам бо вижагиҳои ҳунараш натанҳо номи худ, балки номи халқи тоҷикро низ дар арсаи фарҳанги ҷаҳонӣ машҳур гардондидааст, вале расидан ба чунин қуллаҳои баланд ба осонӣ ба ин бонуи фариштарӯй даст надодааст. Шабнами навҷӯю навгӯю навсарою сертакопӯ солҳои зиёде заҳмат кашидаву пай дар пай таронаҳои ноб меофарид, то ба дили шиқони ҳунари асил роҳ ёбад ва билохира садои дилфиребаш марзҳоро убур намуда, ӯро дар арсаи мусиқии ҷаҳонӣ машҳур сохт.


Нашрияи “Оила” дар тарғиби ин ҳунарманди ҷавон ва боистеъдод нақши хоса дошта, ҳанӯз аз қадамҳои нахустинаш дар ҷодаи ҳунар ҳамеша Шабнами Сурайёро дастгирӣ ва ҳунарашро тарғиб менамуд. Мулоқотҳои сароянда бо мухлисонаш дар идораи ҳафтаномаи “Оила” басо хотирмон гузашта, ҳаводони ҳунараш бо гулу гулдастаҳои зиёд ба редаксия ташриф меоварданд, то ба дидори ин бонуи сар то по ҳунар шарафёб гарданд. Шабнами Сурайё дар чандин озмунҳои ҳунарӣ, ки ҳафтаномаи “Оила” дар солҳои гуногун баргузор намуда буд, иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Аз ҷумла соли 2008 Шабнам дар озмуни “Ситораи сол” иштирок намуда, барандаи шоҳҷоизаи ин озмуни баландпоя гашт. Нахустин сӯҳбати Шабнам дар ҳафтаномаи "Оила" бо ҳамин акс чоп шуда буд.

1
Имрӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба ҳунари ин бонуи шӯҳратёр мо чанд акси хотиравии Шабнами Сурайёро аз бойгонии редаксия манзури шумо месозем.
Тавре ки худи Шабнам дар як таронааш месарояд: Ҳанӯз аввали ишқ аст, сафар дунбола дорад” ва мо умедворем, ки сафари ин бонуи зебо ва ҳунарманд ба олами зебову рангин ва пур аз ишқу меҳру муҳаббати санъат думболадор гашта, номи тоҷиконро дар арсаи фарҳанги ҷаҳон боз ҳам машҳуртар гардонад.

4

5

6

7

8

9

10



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД