sebiston july new
Чаро шавҳараш Таҳмина ва фарзандашро суроғ накард?
12228


Ровӣ ва актриссаи машҳур асрори оилавиашро кушод
Маъмулан бонувони машҳур сирру асрори оилавиашонро ҳамеша пинҳон медоранд. Ин тоифаи хонумҳо бештар оиди муваффақиятҳои касбии худ ҳарф зада, дар бораи зиндагии хонаводагиашон аслан чизе намегӯянд. Зебосанамҳои шӯҳратёр кӯшиш мекунанд, ки ҳатто кӣ будани шавҳарашонро аз мухлисонашон пинҳон доранд, вале ровӣ ва актриссаи машҳури тоҷик Таҳмина Раҷабова ин анъанаро шикаста, сирру асрори оилавиашро ошкор намуд.
Чеҳраи мисли фаришта зебо, сару либоси шинам, рӯйю мӯйи ҳамеша ба таври хеле ҷозиб оро дода шуда ва лабони пурхандаи бонувони машҳурро дида, бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин тоифаи занҳо дар зиндагӣ ягон мушкил надоранд ва корашон фақат мисли малика худро зебу зиннат дода, хӯрдану гаштан аст, аммо дар ин дунё одами бе ғам нест. Хонумҳои шӯҳратманд низ мисли тамоми инсонҳои хокӣ мушкилӣ ва дарду доғҳои худро доранд. Сарнавишти яке аз зеботарин бонувони тоҷик Таҳмина Раҷабова делили равшани ин гуфтаҳост.
Ровӣ ва актриссаи шинохта Таҳмина Раҷабова дар давраи пандемия зиндагии пурмоҷароеро паси сар намудааст. Зебосанам дар Youtube канали "ORZU" рози дилашро кушода, таъкид кардааст, ки баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба аксҳои замони ҳомиладорӣ гирифтаи ӯ бархӯрди нодуруст намуда, фарбеҳ шуданашро бар асари ҳомиладорӣ ба баҳс кашиданд. Тавре ки худи Таҳмина мегӯяд, аслан ҳомиладории зан як амри табиӣ буда, ягон ҷойи айб ё шарм надорад.
Модар шудан барои Таҳминабону санҷиши ҳақиқии қисмат гашт, зеро ҳанӯз дар моҳи дуюми ҳомиладорӣ ӯ ба бемории ҳамагирӣ коронавирус гирифтор шуд. Табибон таъкид намуданд, ки бо таъсири вируси куруно тифл бо ягон нуқсони модарзод ва ё бемор ба дунё омада метавонад, бинобар ин, бояд тасмими ҷиддӣ бигирад, ки ин кӯдакро ба дунё овардан мехоҳад ё не?
Таҳмина сари дуроҳаи тақдир монда, чӣ кор карданашро намедонист. Тавре ки худи зебосанам мегӯяд, бо шунидани ин сухан “аз сараш гӯё як сатил оби сард рехтанд.”
Вай ҳамчун зани босавод хуб дарк мекард, ки агар кӯдак бемор ба дунё биёяд, як умр азоб мекашад, аммо ба исқоти ҳамл кардани тифли батнаш дилаш намешуд.
Билохира, баъди андешарониҳои зиёд ба хулосае омад, ки ҳарчи бодо бод, хоҳ бемор бошаду хоҳ солим, фарзандашро ба дунё меорад, зеро наметавонад дили хурдакакеро, ки аллакай мептапад, ба марг маҳкум намояд.
Зиндагӣ гӯё иродаи Таҳминаро санҷиданӣ шуда, бо санҷишҳои нав ба нав рӯ ба рӯяш мекард. Дар моҳи панҷуми ҳомиладориаш шавҳараш ба коронавирус гирифтор гашт ва бар асари беморӣ асабҳояш хароб шуда, муддати як моҳ аслан аз ҳоли зани ҳомилааш хабар нагирифт. Муносибати зану шавҳар тамоман вайрон шуда, кам монда буд, ки хонавайрон шаванд, аммо билохира ақли солим ғолиб омад ва Таҳминаю ҳамсараш тавонистанд аз санҷишҳои зиндагӣ бо сари баланд гузаранд.

тахмина2
Имрӯз ин зану шавҳари меҳрубон мисли як ҷуфт кабӯтарони ошиқ боз волаю шайдои ҳамдигар ҳастанд ва ҳаёти хушбахтонае доранд.
Сарнавишти Таҳмина Раҷабова гувоҳи он аст, ки бонувони машҳури тоҷик низ мисли дигар занону духтарон дарду доғҳои худро дошта, мушкилиҳои зиёде дар зиндагӣ домангирашон мешавад, аммо бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ тамоми мушкилоти ҳаётро пушти сар менамоянд. Дигар бонувони тоҷикро низ лозим аст, ки дар зиндагӣ сабӯр бошанд, зеро меваи сабр ширин аст.
Ёдрас мешавем, ки Таҳмина Раҷабова яке аз ровиёни машҳури “Телевизиони Сафина” буда, маҳорати хуби актриссагӣ низ дорад. Нақшҳои дар филмҳои "Иродаи зиндагӣ", "Мадраса", "Рафтори бад", "Эделвейс" ва "12 - соли интизорӣ" офаридааш ин бонуи фариштарӯю фариштахӯйро азизи дили мардум гардонида, шӯҳраташро дучанд афзун намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД