Аксарияти бонувон барои нигоҳ доштани ҷавонии худ кӯшиш мекунанд малҳамҳои дорои коллаген ё иловаи коллагениро дастрас намоянд. Аммо ин малҳам ва доруҳо воқеан кумак мекунанд? Ба гуфтаи мутахассисони портали илмӣ-медикии MedicalXpress, на ҳар зан ба коллаген ниёз дорад.
Коллаген – сафедаест, ки пӯстро қавӣ ва чандир мекунад. Вақте ки миқдори он дар ҷисм кам мешавад, дар пӯсти рӯй чинҳо пайдо мешаванд. Аз ҳамин сабаб, бисёриҳо фикр мекунанд, ки нӯшидан ё хӯрдани коллаген пӯстро ҷавон мекунад. Вале дар асл ин тавр нест.
Коллаген «ҷабида» намешавад
Коллаген он қадар устувор аст, ки дар меъда қариб ҳал намешавад ва ҷисм онро пурра ҷабида наметавонад. Ба гуфтаи дерматолог Фараҳ Мустафа аз Донишгоҳи Тафтс (ИМА): «Иловаҳои коллагенӣ (хока, капсула, ҳаб) барои пешгирӣ намудани ожангҳои пӯст тавсия дода намешаванд. Баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки иловаи коллаген метавонад пӯстро каме намнок ва чандиртар кунанд, вале дигар тадқиқот инро рад мекунанд».
Боз як таҳқиқоти бузург (метаанализи 23 тадқиқоти илмӣ) нишон додааст, ки натиҷаҳои мусбат асосан аз таҳқиқотҳое омадаанд, ки аз ҷониби ширкатҳои дорусозӣ маблағгузорӣ шудаанд. Таҳқиқотҳои мустақил бошад, фоидаи равшане аз коллаген нишон надодаанд.
Коллагенҳои баҳрӣ метавонанд хатарнок бошанд
Мутахассисон инчунин ҳушдор медиҳанд, ки иловагиҳои коллагенӣ, ки аз моҳӣ ё дигар маҳсулоти баҳрӣ сохта мешаванд, метавонанд симоб (ртут) дошта бошанд. Ин модда барои саломатӣ хеле зарарнок аст.
Ғайр аз ин, бисёре аз чунин маҳсулот аз санҷиши мустақил намегузаранд ва дар таркибашон маълумоти дақиқ дода нашудааст.
Беҳтарин коллаген онест, ки худат истеҳсол мекунӣ
Ба гуфтаи дерматологи маъруфи Клиникаи Мэйо, Дон Дэвис:
«Имрӯз ягон далели илмӣ вуҷуд надорад, ки коллагени фурӯшӣ – на барои нӯшидан ва на барои молидан раванди пиршавиро боздорад. Беҳтарин роҳ ҳифзи коллагени табиии бадан аст».
Барои ин кор:
• аз машрубот ва сигор (ҳатто дудкашии ғайримустақим) худдорӣ кунед,
• ҳамеша аз офтоб муҳофизат шавед (бо креми зидди офтоб),
• ғизои солим бихӯред.
Барои тавлиди коллагени табиӣ ба бадан сафеда ва витамини С лозим аст. Аз ин рӯ, дар ғизо бештар:
• хомшӯрбои устухондор, моҳӣ, гӯшт, мурғ ва тухм,
• чормағз ва ғалладонагиҳо,
• меваҳои дорои витамини C (киви, афлесун, лимӯ, қаламфури сурх, смородина, клубника) бихӯред.
На ҳар малҳами дорои коллаген ҷавонии пӯстро бармегардонад. Барои зебо ва ҷавон мондан, беҳтараш тарзи ҳаёти солимро пеш баред, табиат худ коллагени кофӣ истеҳсол мекунад!