Arzon march 2024
Киҳо метавонанд кӯмак гиранд?
547

Шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шакли нави пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва маъюбон дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 23 декабри соли 2022 дар  Паёми Президенти кишвар дастур дода  шуд, ки ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ба ин мақсад равона мегардад.

 

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, "мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад" гуфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД