sebiston july new
Киҳо метавонанд кумакпулӣ бигиранд?
324


Дар шаш моҳи соли равон тавассути макомоти Вазорат меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 7653 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 6 миллиону 460,7 хазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт кардааст.

Ин нуқта имрӯз дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ садо дод.

Дар шарҳи ин масъала масъулини вазорат гуфтанд: Кумакпулӣ барои давраи бекорӣ ба хизматчиёни аз хизмати ҳарбӣ баргашта, ба шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ, яъне зиндон озод шудаанд ва ба кормандони аз ҷойи корашон ихтисор шуда бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад. Мо хизматрасониҳои дигар низ дорем, аз ҷумла ба таври ройгон ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб намудани бекорон ва ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятии музднок.

Дар сурати қабул накардани ин намуди хизматрасониҳо ба хизматчиёни ҳарбии аз хизмат баргашта, шахсони аз маҳбас озодшуда ва афроде, ки аз ҷойи корашон ихтисор шудаанд дар ҳаҷми музди ҳадди ақал, яьне 600 сомонӣ ба муддати сё моҳ кумакпулӣ дода мешавад. Дар маҷмуъ барои давраи бекорӣ онҳо 1800 сомонӣ кӯмакпулӣ мегиранд- гуфт муовини вазир.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД