Китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Эмомалӣ Раҳмон бо 4 забон тарҷума шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”-ро бо 4 забони хориҷӣ тарҷума карданд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ хонум Жило Гулназарзода маълумот дода гуфт:
“Ҷилди якуми китоби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” аз ҷониби устодони донишгоҳ бо чаҳор забони хориҷӣ-арабӣ, кӯриёӣ, ҳиндӣ ва фаронсавӣ тарҷума ва бо сифати баланд дар шакли китоб нашр шудааст. Тарҷумаи ҷилди дуюми китоби мазкур ҳанӯз идома дорад. “
Дар идомаи суҳбат Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки бо тарҷумаи ин китоби арзишманд устодони донишгоҳ дар муарифии арзишҳои миллӣ ва забони тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштанд.