«Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз», гуфтаанд. Овозхони ҷавону умедбахш Комилҷони Зариф ин пандро шиори зиндагии худ намуда, роҳи падари ҳунармандаш, устод Қобилҷони Зарифро идома медиҳад. Аз таронаҳои дилчаспи Комилҷон бӯйи гулҳои зебои кӯҳӣ, накҳати гуворои дарёи Зарафшон ва эҳсоси баланди ватандорию ифтихори миллӣ ба машом мерасад. Чанде пеш ин ҳунарманди ҷавон меҳмони сомонаи Oila.tj гашта, дар бораи клип ва оҳангу сурудҳои нави худ ва дигар розҳои зиндагиву эҷодиаш қисса кард. Инак, пораеро аз суҳбати Комилҷон манзуратон месозем.
- Комилҷон, ба шумо муяссар гашт, ки дар ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ширкат варзида, дар ҳузури Пешвои миллат як таронаи ҷаззоби зарафшониро бисароед. Он лаҳзаҳо чӣ эҳсосоте шуморо фаро гирифта буд?
- Ман ҳанӯз аз даврони кӯдакию наврасӣ ҳар гоҳ, ки барномаи ҷашни Истиқлол, Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои давлатиро тамошо мекардам, орзу менамудам, ки рӯзе ман ҳам дар назди Сарвари давлат ягон таронаи худро сароям. Беҳуда дар урфият «Нияти нек - ними давлат» нагуфтаанд. Ниҳоят, имсол Худо ин орзуи маро амалӣ гардонд ва дар ҷашни Истиқлол ба муроди дил расидам.
- Болои он тарона чӣ қадар заҳмат кашидед?
- Ҳанӯз моҳи май маро даъват карда гуфтанд, ки таронаҳоятонро пешкаш кунед, мо аз байнашон якеро интихоб мекунем, то ки дар ҷашни Истиқлол дар ҳузури Президент онро сароед. Аз байни ҳамаи сурудҳоям ҳамин таронаи зарафшониро писандиданд. Эҳсосоте, ки ҳангоми сурудани ин тарона маро фаро гирифт, дар тасвир намеғунҷад. Дар назди Пешвои муаззами миллат баромад кардан, ин ифтихори бузург ва як дунёи дигар аст.
- Суруди «Шоҳдухтар»-и шумо ба мухлисон хеле писанд омада, ба қавле, «тренд» шуд ва аксарият мехоҳанд таърихи ин таронаро бидонанд...
- Ман дар лаҳзаҳои холигӣ бештар таронаҳои устодони санъатро гӯш мекунам. Боре сурудҳои устод Убайдуллои Кароматро гӯш кардам ва ин таронаашон хеле писандам омад ва дар дили ман маъво гирифт. Ин таронаро устод соли 1991 сурудаанд ва ман онро каме дигаргун намуда, сурудам. Дар нақороти ин суруд мисраъҳои зарин ҳастанд:
Ҳамита духтар кӣ дора?
Мири Ҳисор надора...
Мо бо аҳли гурӯҳ маслиҳат карда, ба қавле, географияи ин сурудро васеътар намудем ва дигар минтақаҳои Тоҷикистонро низ илова кардем:
Ҳамита духтар кӣ дорад?
Мири Ҳисор надора.
Ҳамита духтар кӣ дорад?
Мири Кӯлоб надорад.
Ҳамита духтар кӣ дора?
Мири Хуҷанд надорад.
Ҳамита духтар кӣ дора?
Мири Дарвоз надора...
- Худи Убайдуллои Каромат ин таронаро чӣ тавр қабул карданд? Аз он ки шумо, ба қавли худатон, «географияи сурудро васеъ» кардед ва ба он тағйирот ворид намудед, наранҷиданд?
- Ман пеш аз он ки сурудро сабт кунам, бо устод Убайдуллои Каромат суҳбат карда, гуфтам, ки мехоҳам ҳамин таронаатонро бо каме тағйиру дигаргунӣ сароям. Он кас розӣ шуданд ва дуо доданд. Танҳо пас аз гирифтани дуояшон мо сабти таронаро сар кардем. Шояд самари дуои он кас буд, ки ин суруд дар дили ҳазорон нафар мухлисон маъво гирифт.
- Ба фикрам, шумо чанд таронаи Убайдуллои Кароматро бозхонӣ кардед...
- Бале, равияи устод Убайдуллои Каромат ба ман хеле писанд аст ва се таронаи он касро бозхонӣ кардам. Аз ҷумла, суруди «Зарафшонӣ» низ аз эҷодиёти он кас аст.
- Чаро дар эҷодиёти шумо таронаҳои мардуми Зарафшон ҷойгоҳи махсус доранд?
- Сабку услуби сарояндагии ман ба услуби падарам наздик аст. Аз ҳамин хотир мехоҳам мактаби ҳунарии падарамро идома диҳам. Идеали ман ва устоди ман дар зиндагӣ падари бузургворам ҳастанд ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки мисли падарам таронаҳои халқиро аз нав зинда карда сароям, чунки сурудҳои халқӣ зуд дар дили мардум ҷой мешаванд.
- Вақте дар паҳлуи падаратон истода суруд мехонед, чӣ эҳсосоте шуморо фаро мегирад?
- Дар паҳлуи падар будан ин як давлати дунёи бебаҳост. Худо кунад, ки тамоми падарон як умр соябони сари фарзандонашон бошанд. Вақте ки дар паҳлуи падарам истода суруд мехонам, худро шахси хушбахттарини ҷаҳон эҳсос мекунам.
- Аксари ҳунармандони ҷавон ризқу рӯзиашонро танҳо аз тӯйҳо меёбанд, вале шумо дар баробари ҳунарманд будан боз дар як ширкат кор ҳам мекунед...
- Ман ҳанӯз аз давраи наврасӣ нақша кашида будам, ки ҳатман дар ягон идора кор мекунам ва санъатамро низ рушд медиҳам, чунки ҳунар барои мо ин як туҳфаи бебаҳои авлодӣ аст. Инсон ҳар чӣ ки орзу кунад, ба муроди худ мерасидааст, агар он орзуяш орзуи нек бошад. Имрӯз ман шукргузор ҳастам, ки як-як ба орзуҳоям расида истодаам.
- Ягон маротиба шудааст, ки байни шумо ва падаратон дар интихоби суруд баҳс ба миён омада бошад?
— Албатта, бе ин намешавад. Ман ҳар як суруди интихобкардаамро пеш аз ҳама аз назари падарам гузаронида, мегӯям, ки «Падарҷон, шумо як маротиба мазмуну муҳтавои ҳамин сурудро бинед, ки оё мешавад ё не». Ба падарам писанд ояд, месароям, наояд, аз баҳраш мегузарам, чунки ман ҳамчун фарзанди Қобилҷони Зариф ҳуқуқи маънавии сурудани таронаҳои бемазмунро надорам. Шукри Худо, то ба имрӯз касе ба ягон таронаам эрод нагирифтааст. Умуман, на танҳо дар санъат, ман ҳар коре, ки мекунам, пеш аз ҳама дар бораи номи падарам фикр мекунам, чунки обрӯйи падарам барои ман ҳамеша дар мадди аввал меистад.
Як дуна гула кандемо, ду дуна гула кандемо,
Зарафшон пур аз духтаре, ба кадумаш дил бандемо...
Ин ва дигар таронаҳои зарафшонӣ бо садои шумо хеле ҷаззоб ба гӯш мерасанд. Комилҷон, то ҷое, ки мо медонем, шумо зодаи шаҳри Душанбе ҳастед. Чӣ гуна лаҳни ширини зарафшониро нигоҳ дошта тавонистед?
- Ман зодаи ноҳияи зебоманзари кӯҳистони Айнӣ ҳастам ва ҳарчанд дар шаҳри Душанбе ба воя расида, гимназия ва баъдан донишгоҳро дар пойтахт хатм карда бошам ҳам, вале меҳри зодгоҳам ҳатто як лаҳза ҳам аз дили ман берун нашудааст. Ҳамин муҳаббат ба диёри бобоӣ маро водор месозад, ки таронаҳои зарафшониро бо шеваи мардуми водии Зарафшон суруда, тамоми мардуми тоҷикро бо мероси ғании ҳунарии ин мардум ошно созам.
- Бародарон Тӯхтамурод, Хурсандмурод ва Қобилҷон Зариповҳо хеле бо ҳамдигар меҳрубон ва тифоқ ҳастанд, вале шумою писарамакатон Ҷаҳонгир Зарипов то имрӯз бо ҳам ягон дуэт насурудаед. Чаро? Магар байнатон ягон нофаҳмие вуҷуд дорад?
- Байни мо ягон хел рақобат ва ё нофаҳмӣ вуҷуд надорад. Ба ҳамдигар занг зада, аҳволпурсӣ мекунем, тез-тез дар тӯю маъракаҳо вомехӯрем, вале ростӣ, ҳанӯз барои дуэт сурудан фурсати муносиб даст надодааст. Дуэт албатта мешавад, вале ҳар як чиз вақту соати худро дорад. Бигзор мухлисон дуэти моро интизорӣ кашанд.
- Шумо дар бораи падаратон бисёр бо меҳру муҳаббат сухан мегӯед. Ба ҷавононе, ки нисбат ба волидонашон беэҳтиромӣ менамоянд, чӣ гуфтанӣ ҳастед?
- Ростӣ, мо замони кӯдакиамон аз дидори падар сер намешудем, чунки падарам мудом аз пайи корҳои эҷодиашон буданд. Он давраҳо танзим набуд ва тӯйҳо то як поси шаб давом мекарданд. Падарам аз Душанбе ба Ҳисор, аз он ҷо ба Хуҷанду Зарафшону Кӯлоб, Вахшу Панҷу Дарвоз ва дигар минтақаҳо сафар мекарданд, то ки тӯю маҳфили хурсандии мухлисонашонро обод созанд.
Барои он ки мо, фарзандонашон, аз чизе танқисӣ накашем, падарам нангу номус карда, аз баҳри хобу истироҳат гузашта, тӯй ба тӯю маърака ба маърака мегаштанд. Пас, чӣ хел барои чунин падар ҷон фидо намекунӣ?!
Ман суруди «Падар»-ро махсус барои падари худам сурудам. Тамоми эҳсосотамро ба устод Хайрандеш нақл карда, хоҳиш намудам, ки дар суруд тамоми роз ва ногуфтаҳои дили маро ҷо кунанд. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд ва суруд ба падарам хеле писанд омад. Падарам вақте бори аввал ин сурудро шуниданд, гиря карданд ва то имрӯз мухлиси ашаддии ин тарона ҳастанд.
Умуман, падару модар як ганҷинаи ноёб ҳастанд. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чӣ тавр баъзе фарзандони худобехабар падару модарашонро бурда, ба хонаи пиронсолон мепартоянд. Бовар кунед, ин ҳам барои волидон ва ҳам барои худи фарзанд вазнинтарин рӯз аст. Ба ҷавонон гуфтаниям, ки ба қадри волидони худ бирасанд ва ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо биёранд, зеро ҳар чӣ ки бо падар кардӣ, фардо албатта аз фарзандонат мебинӣ. Худо кунад, ки ҳама ҷавонон дастгири падару модар бошанд.
- Як лаҳзаи фаромӯшнашавандаи зиндагиатонро нақл мекунед?
[19.11.2026 11:26] Firuza Sattori: - Албатта, лаҳзаҳои хотирмон зиёданд, вале чӣ тавр бори аввал ба саҳна баромаданамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. 1-уми январи соли 2000-ум буд ва ману падарам бояд як таронаро ҳамроҳ иҷро мекардем. Ман пешакӣ хуб омодагӣ дида будам, вале вақте ки ба саҳна баромада, толори пур аз мухлисонро дидам, худро гум кардам. Мусиқӣ рафта истодааст, падар интизор, ки кай ман сурудро сар мекунам, вале ман аз шиддати ҳаяҷони зиёд дар ҷоям шах шуда мондам (механдад). Ҳамон лаҳза ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад.
- Комилҷон, дар зиндагӣ ва пайраҳаи эҷодиатон ба шумо барору комёбиҳои нав ба нав хоҳонем. Ҳамеша сарбаланд ва муваффақ бошед.
Ф. Сатторӣ