goodwell
Конфронси Technovation дар Тошканд
09.10.2026
Oila.tj
42

Доираҳои тиҷоратии байналмилалӣ масъалаи сармоягузорӣ ва инноватсияро баррасӣ карданд

Дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошкент санаи 30-юми сентябри соли равон конфронси байналмилалии Technovation 2026 баргузор гашт.

1_13

Чорабинӣ бо ибтикори ширкати «Филип Моррис Интернэшнл» (ФМИ) доир гашта, дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатии Ӯзбекистон, олимони маъруфи соҳаи тиб аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратӣ ширкат доштанд. Конфронс ба масъалаи муҳим - коҳиш додани зарари тамокукашӣ ба саломатии инсон, тадқиқот ва навовариҳои илмию технологӣ ҷиҳати истеҳсоли сигорҳои бе дуд ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт бахшида шуд.

Technovation платформаи байналмилалии ФМИ мебошад, ки дар доираи он масъалаҳои технология, илм ва ояндаи маҳсулоти бидуни дуд баррасӣ мешаванд. Чунин чорабинӣ қаблан дар Вашингтон, Стокҳолм ва Дубай баргузор гашта буд.

2_21

Навоварӣ - омили рушди иқтисодӣ

Конфронсро президенти ФМИ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҳинду Чин ва кишварҳои ИДМ Марко Мариотти ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш ба рушди босуръати Ӯзбекистон ишора карда, гуфт: «Ҳар боре, ки ба Ӯзбекистон меоям, суръати рушди ин кишвар ба ман таассуроти амиқ мебахшад. Дар тӯли даҳсолаи охир шумораи ками давлатҳои ҷаҳон чунин тағйироти куллиро аз сар гузаронидаанд.

Сармоягузорон хоҳони волоияти қонун, пешгӯипазирӣ, субот, қувваи кории босавод ва экосистемае ҳастанд, ки ба рушди навоварӣ мусоидат мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир мо барои баргузории "Technovation" шаҳри Тошкандро интихоб кардем, то баррасӣ намоем, ки чӣ гуна технология ва навоварӣ метавонанд ба рушди кишвар такон бахшанд...».

3_68

Намояндаи президенти Ӯзбекистон дар Созмони ҷаҳонии савдо Азизбек Урунов низ таъкид кард, ки навоварӣ барои рушди иқтисодӣ ва густариши ҳузури кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ аҳаммияти калон дорад.

Муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Акрам Алиев навовариро «яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ» номида, гуфт, ки рушди устувор натанҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо саҳм дар ҳифзи саломатии аҳолӣ низ арзёбӣ мешавад.

4_54

Сармоягузорӣ ба технология ва инсон

Дар мубоҳисаи панелӣ намояндагони ширкатҳои Yashil Energy, Coca-Cola Uzbekistan, EPAM, ФМИ ва Академияи миллии илмҳои Ӯзбекистон аҳаммияти танзими саривақтӣ ва огоҳонаро барои ҷорӣ намудани навовариҳо баррасӣ карданд. Аз ҷумла Умар Абдулатиф, директори генералии ФМИ оид ба Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги рушд мебошад.

“Барои мо таҳаввулот танҳо ба сармоягузорӣ ба таҷҳизот маҳдуд намешавад. Мо бояд тамоми занҷири арзишофариниро баррасӣ намоем: рушди истеҳсолот, тағйири усулҳои кор ва бознигарии тарзи пешниҳоди маҳсулот ба истеъмолкунандагон. Муҳимтар аз ҳама, раванди мазкур рушди касбии кормандон, дастгирии ғояҳои нав ва омодагӣ ба омӯзиш ва мутобиқшавии фавриро дар бар мегирад. Маҳз ҳамин чиз ба мо имкон медиҳад, ки натанҳо ба замони ҳозира, балки ба ояндаи минтақа низ сармоягузорӣ намоем»,- қайд кард Умар Абдуллатиф, директори иҷроияи Филип Моррис Интернэшнл дар Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ.

5_19

Илм ва таҳқиқот дар маркази таваҷҷуҳ

Қисми дуюми конфронс ба масъалаи илм ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бахшида шуда, намояндаи ширкати ФМИ доктор Томоко Иида дар бораи роҳи тайкардаи инноватсионию илмии ширкат ва тадқиқотҳои илмӣ ҷиҳати таҳияи тамокуи бе дуд маълумот дод.

«Вақте гап дар бораи тамоку меравад, саволи муҳим он аст, ки манбаи асосии зарар чист? Никотин боиси ба вуҷуд омадани вобастагӣ мегардад, аммо манбаи асосии зарар дуди он аст, зеро ҳангоми сӯхтани тамоку ҳазорон пайвастагиҳои кимиёвӣ, аз ҷумла моддаҳои заҳролуд ва кантсерогенӣ, ки боиси пайдоиши касалии саратон гашта метавонанд, ҳосил мешаванд. Маҳз бо ҳамин сабаб, вақте ки сухан дар бораи навоварӣ меравад, барои мо танҳо эҷоди технологияи нав ё маҳсулоти бидуни дуд муҳим нест, балки аз лиҳози илмӣ бояд собит созем, ки вақте сӯзишро аз байн мебарем, оё моддаҳои нави ба саломатии инсон зараровар пайдо мешаванд ё не? Бо ҳамин мақсад мо таркиби кимиёвии аэрозолро таҳлил намуда, ҷузъҳои муайяншударо алоҳида арзёбӣ кардем. Ба назари ман, муносибати илмӣ ба навоварӣ маҳз ҳамин аст»,- гуфт Томоко Иида, директори калон оид ба ҳамкориҳои илмӣ дар минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҳиндучин, ИДМ, Шарқи Наздик ва Африқо дар ширкати Филип Моррис Интернешнл.

6_12

Олимон чӣ мегӯянд?

Дар мубоҳисаҳои панелии тиббӣ ҳамчунин табибон ва олимон аз Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат варзида, масъалаи коҳиши зарари тамоку, нақши навоварӣ ва аҳаммияти далелҳои илмиро баррасӣ карданд. Аз ҷумла Борис Каспаров, доктори илмҳои тиб, онколог аз Русия гуфт: “Дар замони муосир фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии хавфи гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон мебошад. Собит шудааст, ки ҳадди ақал пайдоиши 13 намуди саратон ба он алоқамандӣ дорад. Аз ин лиҳоз, танҳо гуфтани он ки бемор бояд бештар ҳаракат кунад ва камтар хӯрок хӯрад, кифоя нест, омилҳои синнусолӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, ҳолати равонӣ ва дигар бемориҳои ҳамроҳро низ ба назар гирифтан зарур аст. Ба инобат гирифтани хусусиятҳои инфиродии ҳар як бемор бениҳоят муҳим аст, зеро тадбирҳои пешгирикунанда танҳо дар сурате самаранок хоҳанд буд, ки онҳо дар тӯли тамоми умр ҳамроҳи инсон бошанд ва ба як қисми реҷаи ҳаррӯзаи ӯ табдил ёбанд. Танҳо чунин равиш имкон медиҳад, ки ба натиҷаҳои дарозмуддат ноил гардем”.

7_9

Мейрам Раганин, номзади илмҳои тиб ва президенти ҷомеаи коршиносони стоматологии Қазоқистон таъкид намуд, ки ба истеъмолкунанда бояд маълумоти равшан ва имкони қабули қарори огоҳона дода шавад.

Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Сессияи ниҳоии конфронс ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити пайдо шудани категорияҳои нави маҳсулот бахшида шуд.

Дар он намояндагони мақомоти давлатии Ӯзбекистон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз Қазоқистон иштирок карда, масъалаи танзим, иттилоърасонӣ ва ҳифзи манфиати истеъмолкунандагонро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла Светлана Романовская, роҳбари Лигаи миллии истеъмолкунандагони Қазоқистон гуфт, ки ҳангоми пайдо шудани маҳсулоти нав бояд таҷрибаи байналмилалӣ ба назар гирифта шавад.

8_14

«Танзим бояд амнияти истеъмолкунандаро таъмин намуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ асос ёбад. Муҳим аст, ки давлат, бизнес ва истеъмолкунандагон якҷо равишҳоеро муайян созанд, ки ба онҳо метавон эътимод кард»,- таъкид намуд Романовская.

Дар фарҷоми Technovation-2026 байни хабарнигорон ва иштирокчиёни конфронс мусоҳибаҳои инфиродӣ сурат гирифтанд. Баргузории ин чорабинӣ дар Тошканд нишон дод, ки илм, технология, танзими давлатӣ, сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ ба масъалаҳои ба ҳам пайванд табдил ёфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД