Arzon march 2024
КОРДЗАНӢ ДАР ВАҲДАТ
3402

Бузургтарин душмани инсон худи инсон аст, зеро кас метавонад бо як амали беақлонааш ба сари худ чандин балоҳои азимро оварад.

Далели равшани ин гуфтаҳо рафтори як сокини шаҳри Ваҳдат аст, ки натанҳозиндагии як одами бегуноҳро зери хатар гузошт, блки ҳаёти худро низ бо дасти худаш сӯхт...

Кормандони милитсия як ҷавони ваҳдатиро бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар дастгир намуданд. Шаби 4-уми октябр ин ҷавони 23-сола бо марди 41-солаи сокини ҳамин шаҳр даст ба гиребон шуда, дар сари қаҳру ғазаб пай дар пай ба шиками ҳариф се маротиба корд задааст.

Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол доданд, ҷавони муштзӯру кордкаш бошад, акнун сазои амали худро дида, чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД