Arzon march 2024
КОРДЗАНИИ ҶАВОНОН ДАР ГИПРОЗЕМ
8352


Таҳаммулнопазирӣ ва идора карда натавонистани қаҳру ғазаби худ метавонад ба сари инсон бадбахтиҳои зиёде оварад. Далели равшани ин гуфтаҳо ду рӯйдоди хунине мебошад, ки дар як рӯз дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайвастаанд.

Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ аз сар задани ду ҳодисаи кордзанӣ дар байни ҷавонон хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 4-июн, тахминан соатҳои 5-и субҳ як ҷавонмарди 31 сола ва як ҷавони 20-сола, ки яке сокини ноҳияи Варзоб ва дигарӣ сокини ноҳияи Восеъ будааст, дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт, дар наздикии мағозаи “Сабрина” бе ягон сабаб ҷавонмарди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода,бераҳмона лубу кӯб намудаанд. Ба ин ҳам қонеъ нагашта, авбошон ҷабрдидаро 5 корд зада, баъдан аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Рӯйдоди дигари хунин соатҳои 10-30-и рӯзи 4-июн дар кӯчаи Авестои пойтахт ба вуқуъ пайваста, 4 ноболиғи 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, якдигарро лату кӯб намудаанд. Дар ҷараёни муноқиша яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба қисмати тарафи чапи пойи дигараш задааст. Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ду ҳодиса идома дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД