Commerc banl
Корнамоиҳо фаромӯш намешаванд
149

Охирҳои соли 1978 миёни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва гурӯҳҳои муҷоҳидини афғон даргириҳои шадид ба амал омад. Дар натиҷа соли 1979 баъди муроҷиати ҳукумати Афғонистон ба Иттиҳоди Шуравӣ артиши ин кишвар вориди хоки Афғонистон шуд.

Мувофиқи маълумотҳо, дар ин ҷанг 15 ҳазор мардони далеру шуҷоъ ва ғаюру нотарси тоҷик мардонавор ҷангида, 366 нафар қаҳрамонона фавтидаанд. Яке аз чунин мардони фидоӣ иштирокчии ҷанги байналмилалӣ Юсуф Ваҳҳобов мебошад.

Юсуф Ваҳҳобов соли 1961 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Пас аз хатми бахши ронандагии Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳристон ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. Ӯро ба полки мототирандози бригадаи 66-уми шаҳри Днепропетровски Ҷумҳурии Украина мефиристанд. Вале муддате аз хизматӣ ҳарбӣ гузашта, сафарбарӣ ба Афғонистон оғоз меёбад.

Аз он рӯзҳо ёд оварда, қаҳрамони мо чунин нақл кард: "Ҳанӯз аз хизмати ҳарбиям шаш моҳ нагузашта буд, ки артиши Шуравӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ вориди хоки Афғонистон шуд. Ба полки мо низ фармони сафарбарӣ ба ҷанг дода шуд. Дар хизмат вазифаам механик-ронанда буд. Мошини ҷангии "Урал-375" ба ман вобаста буд ва замони ҷанг ҳамчун ронанда хизмат кардам".

Юсуф Ваҳҳобов мегӯяд, ки онҳо замони ҷанг бештар ба кашонидани силоҳу аслиҳа ва маводи ғизоӣ машғул буданд. Хатсайрашон аз шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон то Ҷалолободи Ҷумҳурии Афғонистон идома ёфта, аз шаҳрҳои Асадобод, Сурубӣ, Кобул, Баграм, Ағбаи Саланг, Пули Хумрӣ ва Хайратон мегузашт. Онҳо аз 40 мошини хизматӣ, аз ҷумла урал, танкҳо, БТР, БМП иборат буданд. Барои таъмини амнияти расонидани бор ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ корвонро муҳофизат мекарданд.

"Соли 1981, вақте аз Ҷалолобод ба самти Тирмиз ҳаракат мекардем, дар роҳ рӯйи сангҳои калон «Касе аз ин ҷо мегузарад, зинда намемонад» навишта, расми мухолиф Гулбиддин Ҳикматёрро гузошта буданд. Бо вуҷуди ин, корвон ҳаракатро идома дод. Ҳангоми ҳаракат мина таркид ва аъзои экипажи БТР захмӣ шуданд. Мо ҳаракатро давом додем, каме баъд боз як мина таркид, ки ман ҳам захм бардоштам",- нақл кард иштирокчии ҷанги байналмилалӣ.

Назар ба гуфти Юсуф Ваҳҳобов, ҳангоми гузаштан аз ноҳияи Сурубӣ душманон корвони мошинҳои ҷангиро иҳота кардаанд. Миёни артиши Шуравӣ ва муҷоҳидони афғон задухӯрди сахт ба амал омадааст. Дар натиҷа як БМП таркида, чор сарбози он ба ҳалокат расидаанд. Сипас ба зудӣ қувваҳои ёрирасон ба кумак омадаанд. Бо ҳамроҳии муовини вазири мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ Л. Соколов воҳидҳои низомӣ тавонистаанд муҳосираро шикананд.

Юсуф Ваҳҳобов то соли 1981, яъне то ба итмом расидани муҳлати хизмати ҳарбӣ дар ҷанг иштирок кард. Баъди ярадор шудан муддате дар беморхонаи ҳарбӣ бистарӣ шуд. Ин марди шуҷоъ барои хизматҳои софдилона ва ҷасораташ дар роҳи адои қарзи ҳарбӣ ва ҳифзи Ватан бо даҳҳо медалу нишонҳои ҷашнӣ, аз ҷумла бо Ордени «Ҷалолобод», "25-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон", "30-солагии баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон" (Бригадаи 66-уми алоҳидаи мототирандоз), "60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ", "70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ", "40-солагии амалиёти «Шторм-333», "Ба хотири 25-солагии анҷоми амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон", "Собиқадори амалиёти ҷангӣ", "Барои хизматҳо" ва даҳҳо сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ шудааст.

Имрӯз Юсуф Ваҳҳобов ҳамчун иштирокчии ҷанг пайваста ба маҳфилҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон даъват мешавад. Ҳамчунин борҳо ба кишварҳои Ӯзбекистону Русия барои иштирок дар чунин ҷамъомадҳо сафар кардааст. Ӯ аз сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осмони мусаффои Ватан шукргузорӣ намуда, ба ҷавонон таъкид менамояд, ки ба қадри чунин ватани ободу осуда расанд ва ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи инсонву имониву виҷдонии хешро дар назди модар-ватан адо намоянд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД