solinav
Коронавируси нав ҷаҳонро такон медиҳад?
2113

Пайдо шудани намуди нави коронавирус олимонро дар сар то сари ҷаҳон сахт ба ташвиш овардааст. Коронавируси нав дар Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст ва донишмандон мегӯянд он аз ду намуди пештараи ин вирус хатарноктар аст. Эҳтимоли ба навъи нави коронавирус таъсир накардани воксинаҳои мавҷуда вуҷуд дорад, аз ҳамин хотир Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ масъалаи коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо онро дар ҷаласаи навбатии худ мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод...

Имрӯз, 26-уми ноябр ВОЗ-Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷаласаи фаврӣ доир хоҳад кард, ки дар он масъалаи навъи нави коронавирус, ки ба тозагӣ пайдо шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Расонаҳои русӣ дар такя ба сарчашмаҳои худ навиштаанд, ки дар ҷаласа то кадом андоза хатарнок будани коронавируси нав ва суръати паҳншавии он, ҳамчунин таъсирпазирии B.1.1.529 ба дорувориҳои зидди коронавирус ва воксинаҳои мавҷуда таҳлил карда мешавад.
«Гурӯҳи махсус масъалаи эволютсияи вирусро ҳамаҷониба омӯхта, муайян хоҳад кард, ки он то кадом андоза хавфнок аст. Дар сурати ташвишовар будани натиҷаҳои тадқиқот ба вирус номи инонӣ гузошта мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои пешгирии паҳншавии навъи нави коронавирус чораҳои зарурӣ меандешад,”-гуфтааст сардори гурӯҳи техникии шӯъбаи беморҳои фавқуллодаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Мария ван Керкхове.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 24-уми ноябр дар бораи хавфи паҳн шудани намуди нави коронавирус дар ҷаҳон, ки айни замон шартан B.1.1.529 номида шудааст, олимон аз Британияи Кабир хабар дода буданд. Тавре ки аз маводҳои нашрияи Daily Mail бармеояд, навъи нави каронавирус нисбат ба ду намуди пештараи он, ки дар сар то сари ҷаҳон паҳн шуда, ҷони садҳо ҳазор одамонро рабуданд, хатарноктар мебошад.
Нахустин ҳолатҳои гирифтор шудан ба каронавируси нав дар Ботсван, ЮАР ва Гонконг ба қайд гирифта шудаанд, аммо хатари дар муддати кӯтоҳ ба дигар кишварҳо доман паҳн кардани каронавируси нав вуҷуд дорад.
Ба ақидаи Владислав Жемчугов, иммунолог, доктори илмҳои тиб пайдоиши B.1.1.529 аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вирус шакли худро тағйир дода истодааст, то аз иммунизатсияи коллективона гурезад.
Тавре ки ин олим мегӯяд, мутатсия ҷараёни махсусе мебошад, ки ба бемориҳои вирусӣ хос аст. Хусусияти бади вирусҳо низ маҳз дар шакли худро тез-тез иваз кардани онҳо ва пайдоиши намудҳои нав ба навашон зуҳур ёфта, мутатсия раванди муборизаро бо вирусҳо ва бемориҳои вирусӣ душвор ва тӯлонӣ мегардонад.
Олими дигари генетик Франсуа Баллу мегӯяд, навъи нави каронавирус бисёр сахтҷону тобовар мебошад ва эҳтимол антителаю ваксинаҳое, ки айни замон барои мубориза бо каронавирус кашф шудаанд, пеши роҳи онро гирифта натавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД