sebiston july new
Кош зан намегирифтам! (ҚИСМИ 3)
1841

Пас аз рафтани меҳмонҳо ҳамсарам ба ғундоштани дастархон, шустану тоза кардани зарфҳо машғул гардид. Ҳарчанд худро бепарво нишон медод, аммо аз чашмони маҳзунаш аён мегашт, ки дар дил оташи рашку бадгумонияш хомӯш нагардидааст.

- Занакҷон, таҷлили зодрӯзи ман поён ёфт, меҳмонҳои олиқадр низ рафтанд, чаро дар ҳақи ман ягон таманниёти хубе накардӣ?,- пурсидам аз ӯ.

- Субҳияҷонат бо телефон табрикат кард, бас нест, боз ман табрикат кунам!?

- Чаро ту рашкҳои беасос мекунӣ, аз ҳеҷ чиз ҷанҷол ҷӯр мекунӣ?,- бо нармӣ пурсидам аз ӯ.

- Шавҳари манӣ, лекин дилат, фикру андешаат дар ҷои дигар аст. Одамон мегӯянд, ки "Қурбоққа шӯ дорад, ба худаш обрӯ дорад", лекин ман чӣ, зани дуюм шуда, на обрӯ дорам, на шавҳари хуб!

- Ман туро ҳамчун шавҳар дӯст медорам, чаро ин тавр мегӯӣ?

- Рост мегӯям!

Шаб гуфтугузори мо як соат идома ёфт. Пагоҳӣ маро аз хоб занак бедор кард:

- Мардак, хез аз хоб, рӯз шуд, имрӯз ба кор рафтанӣ нестӣ? Субҳона тайёр аст!

- Соат чанд шуда бошад?,- ба равоқи хона, ки соати хонагӣ онҷо овезон буд, нигаристам.

- Даҳто кам ҳафт,- ба соат нигариста, ҷавоб дод ҳамсарам.

Баъди шустушӯи дасту рӯй сари мизи субҳона нишастем. Гӯё шаб байни мо ҳеҷ чиз нагузашта бошад, ба чеҳраи ороми занак дида дӯхта, гуфтам:

- Дар масъалаи оилавӣ боварӣ ба ҳамдигар дар ҷойи аввал меистад. Минбаъд ба ман эътимод кун. Ман зани дуюмам, ман пеши ту қадру қиммат надорам, ту шавҳари номуносибӣ ва ғайраву ҳоказо нагӯй! Фикри Субҳияро низ аз сарат дур кун!

Ҳамсарам оромона ба ҳарфҳоям гӯш карда, чизе намегуфт. Маълум буд, ки маслиҳатҳоям ба вай писанд афтодааст.

Зани дуюм! Аксарияти занҳое, ки дуюмбора ба шавҳар мебароянд, дар оиладорӣ чандон устувор нестанд. Аксарияташон шавҳари худро ҳурмату эҳтиром намекунанд. Хушунати оилавӣ, ҷудошавии оилаҳо аз ҳамин шуруъ мешавад.

Вақте Субҳияро ба занӣ гирифтам, духтари бисту яксола буд. Зебо, паричеҳра, бо қаду баст, мо оила барпо кардем, якдигарро дӯст медоштем. Аммо падараш, ки шахси пулпараст, ҷоҳил ва баднафс буд, хушбахтии оилавии моро нодида гирифт.

- Вай шавҳари ту ҳеҷ гоҳ соҳиби ду танга намешавад. Дар чунин шароит бо як маоши ночиз зиндагӣ карда мешавад? Пагоҳ фарзанддор мешавед, онҳоро хӯрондану пӯшондан лозим, нигоҳ карда меистед, ки кай шавҳари ноуҳдабароят маош гираду шумо зиндагии босаодате дошта бошед?,- мегуфт ӯ.

Падари ҷоҳил ба бахти духтараш бозӣ карду ӯро аз ман ҷудо кард. Вакте мо хонадор шудем, падараш дар Россия буд.

- Агар ман дар Ватан мебудам, ҳаргиз духтарамро бароварда, ба ту намедодам,- охирон боре, ки барои овардани Субҳия ба хонаашон рафтам, ҳамин суханро ба ман гуфта буд.

Ҳарчанд ба падари ҳамсарам мегуфтам, ки мо якдигарро дӯст медорем, ӯ бо кибру ғурур мегуфт:

- Ту бо кадом давлату савлатат духтари маро дӯст дошта, хушбахт мекунӣ? Ҳозир дӯстдориву муҳаббат ҳамааш пул аст. Агар бепул бошӣ, падару модари худат аз тую занат безор аст.

Ана ҳамин суханҳояш на танҳо ба ман, балки ба падару модарам сахт расиду мо аз ҳамдигар ҷудо шудем.

Субҳия аз ман рафту ман дар зиндагӣ танҳо мондам. Ду моҳ аз ғаму ташвиши зиндагӣ бемор шудам. Дар назди хеш мақсад гузоштам, ки дигар ҳаргиз зан намегирам. Аммо падару модари раҳмдилам баҳори умри хазоншудаи маро дида, маҷбур сохтанд, ки дуюмбора зан гирам.

Дар охир ба падару модарон гуфтаниям, ки барои пулу мол, боигарӣ шуда, ҳаёти фарзандони хешро насӯзонед. Пулу мол, сарвату давлати одам ёфт мешавад, аммо бахту иқбол, обрӯю эҳтироми инсон, пойдории оилааш дуюмбора Худо медонад хуб мешавад ё не!

Раҷабалӣ ФАЙЗУЛЛОЕВ

Кошонаи “Шаҳло”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД