Имрӯз нигоҳубини зебоӣ ва риояи қоидаҳои гигиена барои аксари занон ба ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯза табдил ёфтааст.
Гел, собун, шампун, крем, мушкоб, дезодорант, атр, лабранг ва дигар воситаҳои ороишиву нигоҳубин на танҳо маблағи зиёд талаб мекунанд, балки ҳар рӯз вақти зиёдеро низ мегиранд. Бо вуҷуди ин, пажӯҳишҳои охир нишон медиҳанд, ки истифодаи аз ҳад зиёди чунин маҳсулот метавонад на ҳамеша ба фоидаи саломатӣ бошад.
Тибқи гузориши як ширкати бузурги таҳқиқотии аврупоӣ, олимон таркиби маҳсулоти машҳури косметикӣ ва гигиениро таҳлил намуда, муайян карданд, ки маҷмӯи воситаҳое, ки аксари занон ҳамарӯза истифода мебаранд, метавонад аз садҳо моддаи кимиёвӣ иборат бошад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ҷамъшавии ин моддаҳо дар организм эҳтимол дорад раванди пиршавии пӯстро суръат бахшад.
Ба рӯйхати маҳсулоти мавриди таҳқиқ дезодорант, кремҳои бадану рӯй, гел барои душ, собун, шампун, атр, лабранг, тени чашм, пудра барои рӯй ва лак барои мӯй дохил шудаанд.
Тавре мутахассисон ҳисоб кардаанд, зане, ки ҳамарӯза аз чунин маҷмӯи косметикӣ истифода мебарад, бадани худро бо зиёда аз 500 моддаи гуногуни кимиёвӣ дар тамос қарор медиҳад. Бархе аз ин моддаҳо метавонанд эҳтимоли пайдо шудани аллергия, хашмгинии пӯст, вайроншавии фаъолияти гормонҳо ва дигар мушкилоти саломатиро зиёд намоянд.
Яке аз моддаҳое, ки бештар мавриди баҳс қарор дорад, парабен мебошад. Ин модда ҳамчун консервант дар бисёр маҳсулоти косметикӣ истифода мешавад. Баъзе таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи доимии маҳсулоти дорои парабен метавонад боиси ҷамъ шудани он дар организм гардад. Ҳамзамон олимон таъкид мекунанд, ки таъсири миқдори ками парабен то ҳол пурра исбот нашудааст ва барои хулосаи ниҳоӣ таҳқиқоти бештар лозим аст.
Бархе муҳаққиқони Донишгоҳи Киото бар он назаранд, ки баъзе намудҳои парабен зери таъсири нурҳои офтоб метавонанд хусусияти зараровар пайдо кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳолат эҳтимол дорад пиршавии пӯстро суръат бахшида, хатари баъзе бемориҳои пӯстро зиёд намояд.
Дар посух ба чунин натиҷаҳо намояндагони истеҳсолкунандагони косметика изҳор доштаанд, ки тамоми маҳсулоти онҳо пеш аз ба бозор баромадан аз санҷишҳои ҳатмӣ мегузаранд ва таркиби онҳо мувофиқи меъёрҳои амалкунанда бехатар арзёбӣ мешавад.
Аммо қисми зиёди табибон бар ин назаранд, ки ҳангоми арзёбии бехатарӣ на танҳо як маҳсулот, балки таъсири ҳамзамони чандин воситаи косметикӣ бояд ба назар гирифта шавад. Зеро дар зиндагии воқеӣ одамон якбора аз чанд намуди маҳсулот истифода мебаранд ва таъсири якҷояи онҳо ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқ Шарлотта Смит, шумораи маҳсулоти косметикӣ, ки занон истифода мебаранд, сол ба сол меафзояд. Агар қаблан шустани мӯй ва истифодаи каме атр кофӣ ҳисоб мешуд, имрӯз бисёриҳо ҳамарӯза аз ороиши пурра, лак барои мӯй ва нохун, кремҳои гуногун ва дигар воситаҳои нигоҳубин истифода мекунанд. Дар баробари ин, шумораи моддаҳои кимиёвие, ки ба организм мерасанд, низ бештар мегардад.