sebiston july new
Кумитаи меъморӣ камбудиҳоро ислоҳ карда, биноҳоро месупорад
375

Дар атрофи комплекси биноҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт, ки бо номи “хонаҳои Бег Сабур” машҳуранд, сару садоҳо дар байни мардум хеле зиёданд.

Нархи манзил дар ин биноҳо назар ба дигар биноҳои навбунёди маҳал хеле арзон ва дастрас буда, аз он ҳатто 120-150 ҳазор сомонӣ хона харидан мумкин аст, вале бисёриҳо ба сифат ва тобоварии ин биноҳо ба зилзила шубҳа доранд.

Оё Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сифати биноҳои Бег Сабурро месанҷад Дар сурати аз санҷиш нагузаштани ин биноҳо тақдири шахсоне, ки аз онҳо хона харидаанд, чӣ мешавад?

Дар посух ба ин савол Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон гуфт, биноҳо аллакай сохта шуда, қарори сохтмон доранд.

"Соҳибкор касе, ки набошад, шахси инфиродӣ аст ва маблағи хеле калон сарф карда, ҳанӯз ҳам сохтмони ин маҷмааро маблағгузорӣ карда истодааст. Зилзилаҳои сахте, ки соли равон шуданд, мустаҳкамии ин биноҳоро исбот карданд. Албатта, камбудӣ дорад, бе камбудӣ нестанд. Аллакай аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур дода шудааст ва мо комиссияи махсус ташкил карда, сифати биноҳоро дар ин минтақа месанҷем. Аз ташхиси лабораторӣ тамоми биноҳоро гузаронида, хулосаи мутахассисонро мегирем. Дар ҷое, ки мустаҳкам кардан даркор бошад, мустаҳкам мекунем, дар ҷое, ки камбудӣ бошад, ислоҳ карда, ин биноҳоро месупорем, чунки аллакай шаҳрвандони мо ин хонаҳоро харидаанд ва дар он ҷо аксарияташон зиндагӣ карда истодаанд”, - таъкид намуд Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки сохтмони ин биноҳо ҳанӯз нотамом буда, аксари шахсоне, ки аз ин биноҳо хона харидаанд, бо маблағ ва қувваи худ корҳои сохтмонию таъмириро анҷом дода истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД