sebiston july new
Куштори бераҳмонаи бачаҳои сағера аз ҷониби падархонду модархондашон
6294

 Шайтон дар ниқоби фаришта

Баҳори соли 2015 зану шавҳар Евгений ва Елена Красновҳо аз хонаи кӯдакони Кемерово се писарбачаи 17, 15 ва 14-соларо, ки ҳар се камақл буданд, ба фарзандхонӣ гирифта, ба хонаи худ оварданд. Азбаски оилаи Карсновҳо зиндагии бисёр қашшоқона доштанд, ҳаққу ҳамсояҳо миш-миш мекарданд, ки танҳо ба хотири кӯмакпулие, ки давлат барои ҳар як кӯдак медиҳад, ин се навраси беморро ба фарзандӣ қабул кардаанд, аммо зану шавҳар худро ғамхору меҳрубони ятимон меҳрубон нишон дода, бо даҳони пур мегуфтанд, ки гап дар кӯмакпулии давлат нест, онҳо аз рӯйи раҳму шафқат ин бачаҳои камақлро фарзандхонд кардаанд...

Давлат барои тарбияи ҳар як бачаи ба фарзандхондӣ қабул кардаашон ҳар моҳ ба оилаи Красновҳо 11000 рубли руси пул медод, ба ғайр аз ин, боз аз чанд ташкилоти дигар маблағи оиловагӣ гирифта, имтиёзҳои зиёд доштанд, аммо...

Аз хонаи бачаҳо ба конслагер

Ин зану шавҳар дар назди дигарон нисбати фарзандхонҳояшон меҳрубонии зиёде зоҳир намуда, худро фариштаҳои заминӣ нишон медоданд, аммо дар асл дар зери ниқоби фаршита ду шайтон ё ду деви азиме амал мекард, ки ҳаёти ин кӯдакони беморро ба дӯзах табдил дода, аз ин лаззат мебурданд. Евгений ва Елена ин сағераҳои бечораро дар сохтмони хонаи навашон чун мадикори бе пул имтифода, рӯз то бегоҳ ғуломвор кор мефармуданд. Азбаски бачаҳо рӯҳан бемор буданд, ақлашон ба бисёр корҳои сохтумонӣ намерасад. Евгений барои хурдтарин хатогӣ писардхондҳояшро бераҳмона ҷазо дода, чунон мезад, ки аз даҳону бинии ин бачаҳои бе пушту паноҳ хун фавворазанон мешорид, Елена дар бераҳмӣ аз шавҳараш монданӣ надошт. Аз хонаи бачаҳо ин се навраси рӯҳан бемор гӯё ба конслагер афтида, аз дасти модархонди золимашон азобу ранҷҳои бисёре мекашиданд, аммо ақли солим надоштанд, ки аз болои Елена ва Евгений ба ягон ҷо шикоят кунанд...

Иля ба куҷо ғайб зад?

Пас аз як сол ҳамсояҳо мушоҳида намуданд, ки вақтҳои охир писархонди калонии ин оила Иля наменамояд. Вақте аз Елена ба куҷо ғайб задани писархондашро пурсон шуданд, зан аввал ба шӯр омад, баъд баҳона пеш овард, ки Иля ба хонаи апааш, яъне духтари калонии Елена-Алеся меҳмонӣ рафтааст.


« Ту воқан ҳам хеле хуб фаолият намудӣ. Ту бисёр мушкилиҳоро паси сар намудӣ. Алвидоъ»

 


“Офтобро бо домон пӯшонда намешавад” гуфтанӣ халқ беҳуда нест, баъди чанд рӯз худи Алеся ба хонаи модараш омад. Вақте ҳамсояҳо дар бораи Иля аз ӯ пурсон шуданд, духтарак қасам хӯрд, ки додархондашро надидааст. Алеся модар ва падари ӯгаяшро барои бепарвоӣ нисбати тақдири Иля мазаммат намуда, худаш ба идораи пулис рафт ва ариза навишта аз гум шудани бародараш кормандони мақомотро хабардор намуд.

Дар парвандаи Иля аввал Евгений ва Елена Крайновҳо ҳамчун шоҳид мегузаштанд, вале баъдтар маълум шуд, ки ин ҷавони рӯҳан беморро худи падархонду модархондаш бераҳмона ба қатл расонидаанд.

Фош шудани сиррашонро пай бурда, зани шавҳари маккор саросемавор хонаи навашонро, ки бо меҳнати се бачаи ятим бунёд гашта буд, осемасар фурӯхтанд ва Краснодар кӯчиданд...

Тақдири талхи Витя

Крайновҳо макони зисти худро дигар карда бошанд ҳам, амалҳои аҳзриманӣ ва ҷиноятҳои ваҳшиёнаашон пинҳон намонд. Пас аз чанд муддат писархонди дуюми ин оила Витя бе ному шинон ғайб зад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро гум шудани ду ятими аз ҷониби ин оила ба фарзандхонӣ қабул карда шуда ба шубҳа афканд ва ба дастони Евгенийро Крайнов завлона зада, ӯро бо худ бурданд.

Дар пурсиши аввалин мард иқрор шуд, ки Иля ва Витя дигар дар ин дунё нестанд. Евгений қасам мехӯрд, ки бачаҳо бо аҷали худашон мурдаанд, аммо баъдтар маълум шуд, ки ин ду ятимро зӯран ба он дунё фиристодаанд...

Тафсилоти куштори ятимон бо дасти падархон

Вақте ки ҷасади Витяро пайдо краданд, тамоми сирру асрори Крайновҳо рӯйи об баромад. Маълум шуд, ки ин бачаи 15-солаи рӯҳан беморро аввал бӯғӣ карда, баъд дар ботлоқзор, дар зери ифлосию лойқа гӯр кардаанд. Евгений эҳсос мекард, ки дигар худро сафед карданаш маънӣ надорад, бинобар ин, ба тамоми кирдорҳои ваҳшиёнааш иқрор шуда, чӣ тавр аввал Иля ва баъд Витяро ба он дунё фиристоданашро батафсил нақл карда дод. Маълум шуд, ки падархонду модархонди золимаш Иляи бечораро барои аз ӯҳдаи корҳои сохтмонӣ набаромаданашон дар як бинои вайрона, ки пештар вазифаи ҳоҷатхонаро иҷро мекардааст, муддати чанд моҳ маҳкам кардаанд. Евгений ва Елена қасдан бачаро дар ин хоначаи сарду заҳ, ки аз бӯйи бадаш нафаси кас дарун мезад, маҳкам карда, дарро аз берун қулф зада буданд, то ки ба қавли худашон “одам” шавад. Иляи бечораро танҳо шабона, баъди хоб рафтани ҳама бо дастони баста ба ошхона мебурданд ва боқимондаи хӯроки дигаронро хӯронда боз дар ҳамон ҳоҷатхонаи кӯҳна маҳкам мекардаанд. Бераҳмии ин зану шавҳари ҷоҳилро шунида, мӯйи бадани кас рост мехезад. Ҳар гоҳ, ки Иля шикаврав шавад, Евгений ва Елена аз камақлӣ ва ятимиву бесоҳибиаш истифода бурда, бачаи бечораро маҷбур мекардаанд, ки натанҳо наҷосати сагу гурда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, балки хӯроки қайъкарда ва наҷосати худашро низ бо забонаш лесида хӯрад.

Падархонду мдархонди шайонсираташ бо ин ҳам қонеъ нагашта, ҳар рӯз бачаи бечораро лату кӯб мекарданд. Евгений н қадар ба писархонди камақлаш нафрат дошт, ки ҳар чи аз пешаш барояд, бо ҳамон ӯро мурданивор мезад. Билохира, як рӯзи шум Иляи бечора дар ҳамон ҳоҷатхонаи бадбӯй бо азобҳои алиме, ки қалам дар тасвирашон оҷизӣ мекашад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Аниқтараш падархонди ваҳшиаш Евгений ин сағераи бечораро бо арматур зада кушт.

Барои он ки сиррашон фош нашавад, зану шавҳар ҷасади Иляро шабошаб ба роҳи пезд бурда оташ мезананд ва устухонҳои боқимондаашро ба партовгоҳ мепартоянд, аммо...

Ҷазои девҳои дупо

Беҳуда намегӯянд, ки худованд дергиру сахтгир аст, рафтори ваҳшиёнае, ки ин зани шавҳари аз кӯчаи одамгарӣ баромада нисбати ятимон карданд, оқибат рӯйи об баромада, Евгений ва Елена Крайновҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Суд барои куштори бераҳмонаи ду бачаи ятим онҳоро ба ҳабси дарозмуддат маҳкум намуда, ба калонияи низомаш сахт фиристод...

alt

Мавод ва аксҳо аз сомонаи ЛАЙФ гирифта шудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД