formula
Куштори бераҳмонаи зану шавҳар дар Конибодом
1399

 

Субҳи имрӯз ҷисми беҷони як зану шавҳарро дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аз манзили истиқоматиашон пайдо карданд.

Ин ҳодисаи нохуш дар маҳаллаи “Вокзал”-и ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом рӯй дода, ҷасади зану шавҳарро аз хонае, ки ҳамсарон он ҷо зиндагӣ мекарданд, пайдо намудаанд.

Дар бадани ҳарду аломатҳои марги маҷбурӣ намоён бошанд ҳам, сабаби куштори зану шавҳар дар манзили истиқоматиашон ҳанӯз маълум нест.

Аз ҳукумати шаҳри Конибодом ин ҳодисаи нохушро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки куштори бераҳмонаи зану шавҳар дар манзили зисташон шаби 16 ба 17-ами апрел содир шуда, айни замон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд.

Акбар Шарифӣ, масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ дар суҳбат ба Pressa.tj ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ҷасади зану шавҳар бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз хонаашон дар шаҳри Конибодом пайдо шудааст, аммо ному насаби мақтулонро ифшо накардааст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД