formula
Лаҷоми хушдомани золимро кӣ мекашад?
1862


“Дина ман ҳамина аз ҳаминҷо гирифтаму ҳамин кадараш шикастам мондагиша вай кардагим не. Руст карда, руст карда хӯрдам...Ҳичка набинад гуфта бурда мондам”


Ин пора аз суханони келинест, ки навори видеоияш чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад."

Ин навор муносибати бисёр бади хушдоман ва пайвандони шавҳарро нисбати келин нишон медиҳад. Бадрафторӣ нисбат ба келин ба андозаест, ки арӯси хонавода ҳақ надоштааст бидуни иҷозати хушдоман ва хоҳари шавҳараш ягон ғизо, ҳатто як пора нон хӯрад.


Дар навор келин дар назди камераи телефон ба хушдоманаш ҳисобот медиҳад, ки фақат як пораи хурди нонро шикаста хӯрдааст ва барои он ки касе азаҳли оила аз ин кораш воқиф нашавад, боқимондаи нонро руст карда мондааст.

Дар қисмати дуюми наво, ки онро худи хушдоман ва духтараш сабт кардаанду садои хандаашон шунида мешавад, аз арӯси хонадонашон талаб мекунанд, ки ин гапҳоро такрор кунад: “дуздӣ и намекунам, дасти хунук намерасонам, шумба хиёнат намекунам, мӯйи почакоша наметарошам...


”Келинчак, ки аз гиря гулӯгир буданаш баръаъло аён аст, аз тарси хушдоман мисли тӯти ин гапҳоро такрор мекунад. , ки дар лаҳзаҳои навор аз гулугир шудани ашк маълум аст, такрор мекунад."


Дар сабт овози марди хонадон низ шунида мешавад, вале ӯ ҳеҷ вокунише нишон намедиҳад, баъракс мавриди масхара қарор гирифтани келин ба аҳли оила хуш омада, ба ҳолаш механданд.


Тавре Бомдод дар сомонааш хабар додааст, ин келинчаки дар навор буда аз ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара буда, модар надоштааст ва ӯро дар маҳаллаи Какири ҷамоати Чоркӯҳ ба як ҷавони гунг ба шавҳар додаанд. Модарандари ин духтар аз дидани ин сабт ба ваҳшат афтида, ба мақомот арз кардааст, то нисбат ба ин “диктатураи хушдоман” ё “дедовшинаи хушдоман” чораҳои қонунӣ биандешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД