Парвоз
Зан аз шавҳар мепурсад:
- Мардак, чаро дар назди тиреза истодаӣ?
Шавҳар:
- Фикр дорам, ки парам ё тирезаро маҳкам кунам...
Зан:
- Ту паридан гир, худам маҳкам мекунам.
Дуо
Зан ба шавҳар:
- Даврон, ман имрӯз дар намозам дуо кардам, ки корҳоят хуб бошанд.
Шавҳар:
- Ташаккур, ҳамин саҳарӣ маро аз кор озод карданд!
Зан:
- Ана дидӣ, кор набошад, дарди сар ҳам нест!
Шавҳар:
- Илтимос, барои саломатиям дуо накун!
Девона
Зане аз дугонааш мепурсад:
- Латофат, агар ба ту даҳ миллион доллар диҳанд, чӣ кор мекунӣ?
Латофат:
- Девона мешавам...
Аблаҳ
Марди хирадманде мардеро дид, ки занашро бо чӯб мезанад ва ба ӯ гуфт:
- Чӯб барои чорво аст, занро бояд бо зан зад. Яъне, як зани дигар бигир!
Зан, ки сухани ӯро мешунид, ба шавҳараш гуфт:
- Заданро идома деҳ, ба он аблаҳ гӯш накун!
Шарм
Марди 70-солаеро занаш вафот кард. Ба писаронаш гуфт:
- Ба ман ягон зани 60-сола ёфта диҳед.
Писаронаш гуфтанд:
- Ягон зани 60-сола шавҳар намекунад, аз фарзандонаш шарм медорад.
Мард гуфт:
- Ин тавр бошад, дуто 30-солаашро биёред!
Хӯрок
Шавҳар ба занаш занг зада мегӯяд:
- Ман қариб мерасам, ягон хӯрок дорӣ?
Зан:
- Нону ҳасиб мешавад?
Шавҳар:
- Мешавад...
Зан:
- Аз мағоза нону ҳасиб биёр.