Commerce bank may-june 2026
Латифаҳои намакин дар бораи зан ва мард
25.07.2026
Oila.tj
58

Таҳдид

Шавҳар ба занаш гуфт:
- 100 ҳазор сӯм деҳ...
- Не, диҳам боз менӯшӣ! - гуфт зан ва пул надод.
Шаб зан аз кор омада дид, ки ғозҳо нестанд.
- Эй, мардак, ғозҳо канӣ?
- Ғозҳо ба Ҷануб парида рафтанд. Агар ин дафъа ҳам пул надиҳӣ, гӯсфандҳо ҳам ба кӯҳ баромада мераванд.

Таваллуд
Марди қафқозӣ ба писарчаи навтаваллудшудааш, ки мӯйҳои сиёҳу ҷингила дошт, нигариста ба занаш мегӯяд:
- Гӯш кун, занак, ман нафаҳмидам, ту инро таваллуд кардӣ ё бофтӣ?

Суроға
Зан аз шавҳараш мепурсад:
- Ту дар куҷо будӣ?
- Дар хонаи ҳамкурсонам, - посух медиҳад мард.
- Се рӯз?-мепурсад зан.
- Ҳа, мо ба хотир овардем, - мегӯяд мард.
- Чиро ба хотир овардед? - ҳайрон мешавад зан.
- Суроғаи хонаамонро! - мегӯяд мард.

Дандон
Зане ба назди дандонпизишк меравад:
- Духтурҷон, ман чунон аз дандонканӣ метарсам, ки ... тайёрам, таваллуд кунаму дандон наканам.
Духтур мегӯяд:
- Зудтар ба як қарор оед, таваллуд мекунед ё дандонатонро канам?

Арзи сипос
Дандонпизишк дандонро канда, ба бемор нишон медиҳад:
- Ана, бародар, дандони шумо!
Бемор:
- Ана, духтур, дастаи курсии шумо!

Қартабозӣ
Яке аз мизоҷони доимии тарабхона ҳамеша ба пешхизмат чойпулии бисёр медод. Як бегоҳ боз ба ҳамин тарабхона меояд, вале ба наздаш пешхизмати доимиаш неву пешхизмати дигар меояд.
Мизоҷ:
- Пешхизмати ман канӣ?
Пешхизмат:
- Ӯ шуморо ба ман дар қартабозӣ бой дод.

Кокул
Марде духтарчаашро ба назди духтур мебарад:
- Духтур, намедонам духтарчаамон ба кадом беморӣ гирифтор шудааст, ки доимо даҳонаш то гӯшҳояш кушода аст.
Духтур баъди муоинаи духтарча:
- Кокулчаҳояшро сусттар бандед, ҳамааш хуб мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД