Латофат Насриддинова: Хизмат ба шавҳар хушунат не, одоби шарқиёна аст!
80

Латофат Насриддинова - ин ном барои бисёриҳо ошно аст. Ин зани оқила як умр дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ кор кардааст, аз ҷумла солҳои 1995-2004 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, солҳои 2004-2006 муовини вазири маориф ва илм, солҳои 2006-2009 Мушовири Президенти Тоҷикистон доир ба илм ва технология буд. Латофат Шоҳмуродовна аз зумраи он бонувони миллатдӯст ва меҳанпарастест, ки барои ободии диёр ва беҳтар гаштани шароити зисту зиндагии мардум хизматҳои зиёде кардааст. Пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои асосии фаълолияти ин зани рӯзгордида буд, аз ин рӯ мо қарор додем назари ӯро дар боби оилаву оиладорӣ бидонем.

- Солҳои охир хушунату зӯроварӣ дар оила дубора дар ҷомеаи мо авҷ гирифта истодааст. Сабаби ин падидаи ногувор ва роҳи пешгирии онро шумо дар чи мебинед?

- Аз руйи он таҷрибаю мушоҳидаҳое, ки аз фаъолияти бисту се солаи кориам пайдо кардаам, хушунату зӯроварӣ дар оила омилҳои зиёде дорад. Аз ҷумла хеле барвақт ба шавҳар додани духтарон ва ба зиндагии оилавӣ тайёр набудани ҷавонон, аз омӯзиши илму ҳунар дур мондани иддае аз бонувон, муҳоҷирати меҳнатӣ, тарбияи сусти ахлоқӣ, таввасути телевизион намоиш надодани   филму саҳначаҳои тарбиявӣ оиди одоби оиладори ва ғайра...

- Магар бе ҳал намудани ин масъалаҳо метавон зуроварию хушунатро решакан намуд?

- Биёд, барои исботи ин гуфтаҳо, масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро таҳлил намоем. Ҳар сол ҳазорон-ҳазор ҷавонон ва мардони миёнсоли мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аксари оилаҳои муҳоҷирон аз 3 то 5 фарзанди ноболиғи мактавхон доранд. Тақдири ин бачаҳо ба модари хонадон ҳавола карда мешавад, ки на маълумот дорад, на касбу ҳунар ва на дар ҷой кор мекунад. Муҳоҷир баъди рафтанаш камаш се моҳ ба хонааш пул фиристода наметавонад, зеро бояд ҳуҷҷатҳояшро ба тартиб дарорад, ҷойи кор ёбад, хонаи иҷора ҷӯяд ва дигар мушкилоти худро дар мулки бегона ҳал кунад. Агар ҷавонтар бошад, ба хотири ҷойи хоб ва шароити беҳтар он ҷо бо ягон зани аҷнаби хонадор шуда, зану фарзанд доштанашро фаромӯш мекунад. Зан бо хусуру хушдоманаш зиндагӣ мекарда бошад, баъди чанд моҳи рафтани шавҳараш ҷангу ҷанҷол ва хушунати оилавӣ сар мезанад. Муҳити оила гоҳе то ҳадде тоқатнофарсо мегардад, ки келин асабаш тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезанад. Зарари дигари муҳоҷират ин мушкилоти демографӣ мебошад. Иддае аз ҷавонмардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз миллатҳои дигар зан мегиранд ва духтарони хона ин ҷо бе хостгор мемонанд. Мисоли дигар, волидон ба хотире, ки писарашонро аз хизмати Ватан гурезонанд, баъди хатми мактаби миёна, агар донишҷу шуда натавонад, ҳатми ӯро ба муҳоҷирати меҳнати ба ҷумҳуриҳои дигар гусел мекунанд. Баъди як сол ба муҳлати як моҳ меояд, пададару модар ӯро зан медиҳанд ва домод бо арусаш моҳи асалро мегузаронаду боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Бо ҳамин фарзандаш дар набудани ӯ ба дунё меояд, падар бошад, баъди ду ё се сола шудани кӯдак боз мисли меҳмон омада меравад. Албата дар ин фосила ҷанҷолҳои оилавӣ чандин маротиба байни келину хушдоман ва хоҳаршӯйҳо рӯй медиҳанд ва ҳамеша санги маломат ба сари келини шавҳараш дар муҳоҷират буда бармехурад. Ба назари ман сабабҳои асосии хушунату зӯроварӣ дар оила ҳаминҳоянд.

- Барои ислоҳи вазъ чи бояд кард?

- Баъди рух додани ҳодиса ҷустуҷу намудани гунаҳгор барои тартиб додани парвандаи ҷиноятӣ роҳи ҳалли масъала нест. Барои аз байн бурдани зӯроварӣ тадбирҳои зиёде андешидан лозим аст. Ташкили ҷойҳои кории шоиста, тарбияи хуби ахлоқӣ дар оила, омӯзонидани касбу ҳунар ба фарзандон ва ба зиндагии оилавӣ тайёр намудани духтарону писарон-танҳо бо ҳамин роҳ метавон зӯроварӣ ва хушунати оилавиро аз байн бурд.

- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ба андешаи шумо, баланд гаштани мақоми зан дар ҷомеа бештар аз чӣ вобастагӣ дорад: аз қонунҳо ва шароите, ки давлат фароҳам овардааст ё аз худи занону духтарон, ки барои расидан ба қуллаҳои баланд чи қадар талош меварзанд?

- Ҷиддӣ мегуям, ки аз ҳарду. Биёед дур нарафта як лаҳза аҳволи занону духтарон ва ҷавонони ҷумҳурии ба мо ҳамсоя Афғонистонро пеши назар оварем ва қазоват кунем. Занону духтарони ин мамлакат ҳатто ҳуқуқ надоранд, ки бе роҳбаладии яке аз мардҳои оила ба кӯча бароянд, наметавонад ба беморхонаю мағоза раванд, ҳуқуқи таҳсилу кор надоранд. Магар ин исботи он нест, ки озодии занҳо ва рушди онҳо сад дар сад ба сиёсати давлат вобастагӣ дорад?! Сайю талоши   занҳо дар ҳолате воқеъи мегардад, ки давлат кафолати озодӣ ва ҳимояи мардумашро дода тавонад. Ҷомеае, ки мардумаш саросар босавод ҳастанд, он ҷомеъа дар давлатдорӣ устувор буда, сулҳаш пойдор ва пешрафташ босуръаттар аст, нисбати давлате, ба саводнок кардани мардумаш, алалхусус занону ҷавонон чандон эътибор дода намешавад. Аз ин нигоҳ, Тоҷикистон туфайли сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аксари давлатҳо пешсаф аст. Маҳз бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомали Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуда, шароит фароҳам овардаанд, ки бонувони тоҷик дар баробари модар, тарбиятгар ва ҳамсари хуб буданашон дар оила, тавонад аз ӯҳдаи роҳбарию фаъолият дар арсаи сиёсат ва дигар ҷодаҳо барояд. Иқдоми дигари шоёни ситоиш ҷорӣ намудани грантҳои президентӣ мебошад. Худ қазоват намоед, танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муасисаҳои олию касбиро тариқи Квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Аз 3300 нафар ҷавонон, ки соли ҷорӣ таввасути Барномаи байналмиллалии Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашро духтарон ташкил медиҳанд. Ин ҷо албата мақом ва ҳиссаи Ҳукумат хело назаррас аст, вале талоши духтарон барои соҳиби касбу ҳунар гаштан низ боиси офарину ифтихор мебошад. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб буданашон боз дар риштаҳои гуногун: муҳандис, муалима, таббиб ронанда, роҳбар, корманди макомоти ҳифзи ҳукук, дар қушунҳои сарҳади низ фаъолият намуда, саҳми босазои худро дар пешрафти Ватан ва осоиштагии миллат расонида истодаанд. Айни замон дар баъзе соҳаҳо аз қабили маъориф, тандурустӣ ва тиҷорати хурд теъдоди занон аз мардҳо дида зиёд аст. Зодаи шаҳри Душанбе, зани хеле ҷасуру боирода Татяна Афсентиева-аввалин лечикзани тоҷикистони ду-сол боз сари чамбари ҳавопаймои БОИНГ нишаста, мусофиронро ба давлатҳои дур мебарад.

- Бархе то ба имрӯз ба чунин ақидаанд, ки баробарии зан ва мард хоси ҷомеаи Аврупо буда, дар ҷомеаи суннатии мо танҳо гапи хушку холӣ асту халос. Мехостем назари шуморо дар ин масъала бидонем...

- Ман зидди ин ақида ҳастам. Аслан гирем, баробарии гендерӣ ҳанӯз дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ вуҷуд дошт. Дар як синф хондани духтарон ва писарон, паси як парта нишастани онҳо, паҳлӯ ба паҳлу истода кор кардани занону мардон дар корхонаҳо, интихоби занонон ба вакилии мардумӣ ва иштирок онҳо дар қабули Қарору Қонунҳо... Магар ҳамаи ин гувоҳи баробарӣ набуд?!

Аммо баробарии гендерӣ дар давлатҳои Шарқ ва Осиё Миёна равиши хоси худро дорад. Ба мисли риояи расму оинҳои авлодию аҷдодӣ, ки асрҳо аз насл ба насл мегузарад, эҳтироми калонсолон аз ҷониби аъзоёни оила, бо маслиҳати падару модар интихоб намудани ҳамсар , то як давраи муайян анҷом додани корҳои хона ва ба ҳамаи аъзоёни оила расидагӣ кардани арӯси нав. Шояд ин усули зиндагӣ дар чашми аврупоиҳо аҷиб ва нофаҳмо намояд, вале дар асл ин ахлоқи хуби шарқиёна аст. Инро наметавон хушунати оилавӣ номид, зеро занҳои мо аз рӯи он меҳру муҳабате, ки нисбати аҳли хонаводаашон доранд, ин амалҳоро иҷро менамоянд. Дурустии бо усули шарқиена зиндагӣ кардан дар он аст, ки иҷрои корҳои сабук дар оила бар дӯши занон ва корҳои нисбатан вазнинтар бар дӯши мардон аст.

- Агар аз шумо бипурсанд, ки 10 зани муввафақи тоҷикро номбар кунед, исми киҳоро ба забон меоред?

- Ба андешаи ман аз байни миллионҳо нафар бонувон ҷудо намудани 10-зани муваффақ аз рӯи адолату инсоф нест. Занҳои муввафақ дар ҷумҳурии мо хеле зиёданд: яке дар соҳаи маориф, дигаре тандурустӣ, сеюмин дар соҳаи сиёсат, чорумӣ илму истеҳсолот, панҷумин хоҷагии деҳқони ва ғайра. Ман ба ҳамаи онҳо эҳтиром мегузорам ва аҳсан мегӯям, ҳатто ба занҳои хонанишине, ки фарзандони хушахлоқу бомаълумот тарбия намуда, ба хизмати халқу Ватан мефиристанд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар қатори беҳтарин занҳои муваффак бошанд!

- Маслиҳати шумо ҳамчун зани рӯзгордида ба ҷавонон?

- Барои пойдории сулҳу амони дар Ватанамон содиқона хизмат намоянд, зеро хушбахтии инсон аз сулҳу ваҳдат сачашма мегирад.

Мусоҳиб: Фирӯза САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД