Arzon march 2024
Латукӯби зани Президент дар клуб
1266

Президенти UFC Дана Уайт бо ҳамсараш дар як клуби шабонаи Мексика занозанӣ карданд. Дар ин бора "TMZ Sports" хабар дод.

Дар наворе, ки паҳн гардид, дида мешавад, ки Дана Уайт ба ҳамсараш чизе гуфт ва баъди он, занаш ба рӯйи ӯ бо мушт зад. Президент низ бо чанд шаппотии пайдарпай ба занаш ҷавоб дод. Сипас дӯстонашон маҷбур шуданд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳамсарон хеле маст буданд ва муноқиша байни ҳамсарон зуд хотима ёфт. Уайт ин ҳодисаро даҳшатнок хонда, изҳор доштааст, ки ҳеҷ баҳонае барои ба зане даст бардоштан надошт, аммо ҳоло худи ӯ дар ин ҳолат қарор дорад.

"Мо аллакай аз ҳамдигар узр пурсидем. Ҳоло мо бештар аз се фарзандамон нигарон ҳастем ва бо онҳо муноқишаро баррасӣ кардем", - гуфт роҳбари UFC ва ёдовар шуд, ки онҳо 26 сол инҷониб бо ҳам зиндагӣ доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД