formula
Ли Мин Хо чи тавр миллионер шуд?
14.05.2023
ОИЛА
551

Солҳои охир филмҳои истеҳсоли Корея дар кишвари мо маҳбубияти зиёде пайдо карда истодаанд. Шумораи мухлисони филмҳои кореягӣ торафт меафзояд.

Бо хоҳиши хонандагони сершумори ҳафтаномаи “Оила” имрӯз мо дар бораи яке аз ҳунармандони ҷавон ва шуҳратёри Кореяи ҷанубӣ Ли Мин Хо маълумот медиҳем.

Ли Мин Хо 22-юми июни соли 1987 дар Сеул ба дунё омадааст. Ли мисли аксари писарбачаҳои кореягӣ ба таеквандо ва футбол шавқ дошта, мехост футболбози касбӣ шавад, аммо тақдир ӯро бо роҳи дигар бурд. Ҳангоми яке аз бозиҳо вай аз пояш сахт захмӣ гашт. Ҳамин нокомӣ дар спорт боис гашт, ки Ли Мин Хо орзуи футболро аз сар дур созад...

Аз 45 доллар то 100 миллион

Ҳангоми таҳсил дар мактаб ин ҷавони зебою қоматбаланд диққати менеҷеронеро, ки дар ҷустуҷӯӣ ҷавонони бомаҳорат буданд ба худ ҷалб кард. Ли аз офарандагони зебоӣ ҳамарӯза пешниҳодҳои нав ба нав мегирифт. Тоҷирони мӯд ва коргардонҳои синамо ба ин ҷавони чеҳрахандон шуҳрати осмонӣ ваъда мекарданд. Волидонаш боварӣ надоштанд, ки аз писари онҳо модел ё ҳунарпешаи синамо мебарояд, аз ин хотир даст афшонда ба Ли маслиҳат медоданд, ки ба ин гапҳои хушку холӣ дода нашавад, аммо ин ваъдаҳо дар дили наврас ҳаваси актёр шуданро бедор карданд ва барои бахти худро санҷидан кам-кам ба студияҳо мерафтагӣ шуд.

Ҳамин тариқ Ли Мин Хо бо агентии Starhaus Entertainment шартнома имзо кард. Тибқи қарордод аксҳои зебои Ли дар журнали модда чоп мешуданд. Модели ҷавон барои ҳар як рӯзи кориаш 50000 вон мегирифт, ки қариб ба $ 45 баробар буд. Ли ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки корро аз $ 45 сар карда, рӯзе миллионер мешавад ва миллионҳо долларро ба ятимону камбизоатон хайр мекунад, аммо...

Ҳунарпешаи 15-сола

Пас аз хатми мактаб Ли Мин Хо ба донишкадаи хусусии Сеул –Конгук ба шӯъбаи кино ва телевизион дохил шуд. (Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкурро бисёре аз ҳунарпешагони маъруфи Кореяи ҷанубӣ хатм кардаанд.)

Фаъолияти актёриашро ин ҷавони зебо ҳанӯз аз 15- солагӣ сар карда бошад ҳам, мурғи шуҳрат танҳо соли 2006 баъди филми “Асрори қасри шоколадӣ” ба сари китфаш нишаст. Ин филм Мин Хоро ба мардуми Кореяи ҷанубӣ ҳамчун ҳунарманди ояндадор муаррифӣ намуд, сериали «Бачаҳои аз гул зеботар» бошад, Лиро дар тамоми дунё машҳуру маҳбуб гардонд...

“Шикорчии шаҳрӣ”

Соли 2014 Ли Мин Хо дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” нақши асосиро бозид. Симои дар ин филм офаридааш баръакси нақшҳои то кунун бозидаи ин ҳунарманди ҷавон буд. Пештар Ли Мин Хоро ҳамчун актёри лирикӣ мешинохтанд, дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” вай тамоми маҳораташро ба кор бурда, исбот кард, ки аллакай ҳамчун ҳунарманди касбӣ ба камол расидааст ва аз уҳдаи бозидани ҳама гуна нақш ба хубӣ мебарояд.

Парвози мурғи шуҳрат

Солҳои 2013-2016-ро солҳои пурмаҳсул дар фаъолияти эҷодии Ли Мин Хо бигӯем, хато намекунем, зеро дар ин муддат ӯ на танҳо дар филмҳо нақшҳои бисёр ҷолиб офарида, ҳамчун актёри олиҷаноб сафи мухлисонашро садчанд гардонд, балки сурудҳояшро низ дар ду албом пешкаши ҳаводоронаш намуд. Нақшҳои ҷолиб ва таронаҳои дилнишинаш шуҳрати Ли Мин Хоро он қадар афзун намуданд, ки унвони сафири муҳтарами Бозиҳои Олимпии зимистонаи 2018-ро соҳиб гашт. Акнун Ли Мин Хо на танҳо ҳунарманди машҳур, балки миллионер низ буд. Ин ҷавони ҳотамдил ва дасткушод 100 миллион долларро ба Юнисеф барои кумак ба осебдидагон аз заминларзаи Непал хайр намуда, тамоми ҳампешагонашро ба ҳайрат овард. Хайрхоҳиаш Лиро ба мардум боз ҳам наздиктар карда. Пас аз чунин рафтори ҷавонмардона ҳатто душманонаш номи Ли Мин Хоро бо эҳтиром ба забон мегирифтагӣ шуданд...

Серкорӣ ишқро мекушад?

Дар авҷи фаъолияти ҳунариаш, аввалҳои соли 2011 байни Ли Мин Хо ва актрисаи ҷавон Пак Мин Хе, ки дар филми “Шикорчии шаҳрӣ” ҳамроҳаш нақш мебозид, муносибатҳои ошиқона оғоз ёфт, аммо ин ҷуфти зебо ҳамагӣ як сол бо ҳам буданд. Онҳо бе ягон ҷангу ҷанҷол ва гилаву озор ҷудо шуда, ба якдигар бахти сафед хостанд. Сабаби аз ҳам ҷудо шуданашонро ошиқон дар серкорӣ маънидод карда гуфтаанд, ки ҳарду банди лоиҳа ва филмҳои нав ба нав ҳастанду барои бо ҳам будан вақт намеёбанд.
Шаҳло
Аз бойгонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД