arzon replenishment
ЛИБОСАТРО БА КАМБАҒАЛ ДИҲӢ, ГАДО МЕШАВӢ?
1569


Некӣ кардан ба ятимон, бекасон ва дигар шахсони камбизоат амали хайру савоб аст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки либоси танатро ба одамони камбағал диҳӣ, баракат аз рӯзгорат парида, худат ҳам фақиру нодор ва мӯҳтоҷ шуда мемонӣ. Мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо ягон асос доранд ё не?

Насимҷон аз ш. Бохтар

Посухи Раёсати фатвои ҶТ.
Бародар, ин андешаи ботил буда, аслан ягон асоси динӣ надорад. Додани либосу маводҳои хӯрока ба шахсони эҳтиёҷманд баръакс кори хайр ва савоб аст. Хӯроки барои аҳли оила зиёдатиро исроф намуда, вайрон карда партофтан ё либосҳои худро “кӯҳна шуд” гуфта, оташ задан аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ буда, кори нохуб ба ҳисоб меравад. Беҳтараш ғизо ва либоси нодаркоратонро ба одамони камбағал ва нодор диҳед, то ки савобаш ба шумо бирасад. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз!
Ҳар як кори нек ва амали хайре, ки инсон дар зиндагиаш мекунад, албатта дар дафтари аъмоли ӯ сабт хоҳад гашт. Худованди меҳрубон пошоди некии бандагони накӯкорашро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират як бар даҳ афзун намуда, бармегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД