arzon replenishment
Либоси сиёҳ мотамӣ аст ё мӯд?
1652

Ранги сиёҳ бо кадом рангҳо мувофиқ аст?

Бисёре аз занону духтарони тоҷик боварӣ доранд, ки либоси сиёҳ либоси мотамӣ аст. Ба назари онҳо зане, ки либоси сиёҳ мепӯшад, зани бадбахт аст, вале дар асл ин тавр нест. Агар шумо тарзи дурусти пӯшидани либосҳои рангашон сиёҳро донед, шуморо дар назари атрофиён хеле зебо ҷилва медиҳанд, зеро он либоси классикӣ ба шумор меравад.

Шахсоне, ки салиқаи хуби либоспӯшӣ доранд, мегӯянд, агар надонед, ки барои ба меҳмонӣ рафтан кадом либосро бояд ба бар намоед, либосҳои сиёҳ пӯшед, зеро ин ранг ҳамеша дар мӯд аст. Одамон ба шумо дарҳол таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, кӯшиш мекунанд, ки бо шумо ҳамсӯҳбат шаванд.

Ранги сиёҳ, дар назари аввал метавонад ғайриоддӣ ба назар расад ва чангу хок, пашму ришта мисли магнит ба он чалб мешавад. Инчунин, ранги сиёҳ нури офтоб ва гармиро зуд ба худ ҷалб мекунад. Аз ин рӯ, тавсия дода намешавад, ки онро дар тобистон пӯшед.

Бонувоне, ки фарбеҳ ҳастанд ва пеши бари калон доранд, метавонанд либосҳои ранги сиёҳдошта ба бар намоянд, зеро ранги сиёҳ баданро лоғар нишон медиҳад.

Ранги сиёҳро бо кадом рангҳо мувофиқ кардан лозим аст?

Қариб ҳамаи ҷузъҳои маҷмӯи асосӣ бо либосҳои сиёҳ комилан мувофиқанд. Ранги сиёҳ дар якҷоягӣ бо кабуд нишондиҳандаи услуби бенуқсон аст. Ин тарзи либоспӯшӣ тамоми рӯз ба кас рӯҳияи хуб мебахшад.

Либоси рангаш сиёҳро бо сурх дар чорабиниҳо ба бар мекунанд. Ин намуд либос ҳамеша зебо, диққатҷалбкунанда ва чашмрас ба назар мерасад. Бо чунин либос духтарони ҷавон хеле пурҷозиба ба назар расида, дилхоҳ ҷавонро ошиқи шайдои худ мегардонанд.

Либоси сиёҳ бо либосҳои рангашон ширӣ (бежовый) ба зан назокати хоса бахшида, хонуми чунни либос пӯшида ба назар хеле замонавӣ менамояд.

Омезиши ранги сиёҳ ва хокистарранг маҷмӯи мувофиқ барои либсои кории офис аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД