Sebiston new 2024 october
“Лимит”-и барқ овоза аст ё ҳақиқат?
2324

Чанд рӯз аст, ки дар деҳот қувваи барқ аз субҳ то шом хомӯш карда мешавад. Азбаски баъди ҷанги шаҳрвандӣ муддати 15-20 сол дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барқро аз рӯйи “лимит” тақсим карда, ба мардум дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7-8 соат барқ медоданд, сокинони деҳот аз бебарқӣ азоби сахт мекашиданд. Аҳли оила аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзида, шабҳои дарози зимистонро дар назди чароғи керосинӣ саҳар мекарданд, аз ҳамин сабаб “ Моргазида аз ресмони ало метарсад” гуфтагӣ барин, боз хомӯш кардани барқ дар деҳот мардумро ба таҳлука андохтааст.

Яке “боз лимит сар шуд” гуфта, дар пайи захира кардани керосин асту дигарӣ қарзу қавола карда, ангиштсанг мехарад, то фарзандонаш дар фасли зимистон аз хунукӣ азоб накашанд, аммо...
Барқи тоҷик овозаҳоро дар боби “лимит”-и барқ рад карда, мегӯяд хомӯшсозии нерӯи барқ як тадбири муввақатӣ барои таъмири истгоҳҳои хурди барқӣ ва омодагӣ ба фасли зимистон мебошад.
“Зимистон барои таъминоти барқ давраи фавқуллода аст ва вобаста ба афзудани талабот мушкилот низ зиёд мегардад. Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон, дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ шавад.”-мегӯяд “Барқи тоҷик”.
Хадамоти матбуотии ширкат таъкид кардааст, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.
Ҳамзамон “Барқи тоҷик” аз шаҳрвандон ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш кардааст, ки дар давраи зимистон аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД