Маҳсулоти лозима:
800 грамм гӯшти мурғ, 2 дона тухм, 1 дона пиёз, намаку мурч мувофиқи табъ.
Барои соус (заливка):
80 грамм қиёми помидор, 3 қошуқ сметана, 200 мл об.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ ва пиёзро реза карда, ба он тухм, намак ва адвиёт илова намоед. Ҳамаи маҳсулотро бо блендер хуб майда карда, то якхела шудан омезиш диҳед. Дар зарфи алоҳида хамираи помидор, сметана ва обро омехта намуда, маҳлул тайёр кунед. Дастонро бо об тар карда, аз омехтаи гӯшти мурғ лӯлача созед ва онҳоро ба табақ гузоред. Сипас, соуси омодашударо аз болояш резед. Тобаро ба тафдони то ҳарорати 180 дараҷа гармшуда гузошта, муддати 40–50 дақиқа пазед. Ҳангоми омода шудан, таомро гарм пешниҳод кардан мумкин аст.