Маҳсулоти лозима:
800 грамм гӯшти мурғ, 1 пиёз, 3-4 дандона сирпиёз, намаку мурч, гашниз, зира.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро аз гӯштқиммакунак гузаронида, пиёзро аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронед ва обашро ҷабида партоед. Сирпиёзро майда кунед. Гӯшти қиммашударо бо пиёзу сирпиёз, намак, мурч, гашниз, зира омехта намуда, қиммаро муддати 10 дақиқа лат занед ва 2 соат дар яхдон нигоҳ доред. Баъдан қиммаро дар сих ба мисли ҳасиб шакл дода, дар даруни тобаи пухтупазӣ тавре ҷойгир кунед, ки ба якдигар начаспанд. Лӯлаҳоро дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 25 дақиқа пазед.