Лоиқ Шералӣ бо гумони дуздӣ дастгир шуд
04.11.2025
Oila.tj
167

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Лоиқ Шералӣ, соли таваллудаш 1993-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гардида, телефониҳои мобилии гуногунтамғаи шаҳрвандонро рабудааст. Айни замон 4 далели ҷинояти дуздии номбурда муайян карда шудааст.

Айни ҳол нисбати Лоиқ Ш. тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД