arzon replenishment
Лоиҳаи ҷадиди мазҳакавии Набиҷон сар шуд
1135

Набиҷон Пирматов, продюссер ва ҳунарманди ҷавону шинохтаи тоҷик, сабти силсилафилми навашро шуруъ кард.

Ба иттилои ҳунарманд, филми нав “Хусури ман” ном дошта, он дар жанри мазҳака омода мешавад. Сабти қисми нахустин аллакай дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар оғоз шуда, қарор аст ҳамин ҳафта рӯзи якшанбе дар саҳифаи ютуби “Zamonavi Media” нашр мешавад.

Ба баёни яке аз ҳунармандони филм, дар сериали навбатӣ аз кинои пешинаи “Ишқ, пул, Душанбе” қаҳармонони асосӣ Набиҷон Пирматов, ҳамзамон, Гулнозаи Булбулу Насриддин Нуриддин, Қурбони Собир, Ғаниҷон Олимов, Сулаймон Сафаров ва Абдухалил Бӯриев нақш меофаранд.

Бояд гуфт, ки 2 сол қабл ин коргардони ҷавон ҳар ҳафта як қисми силсилафилми “Ишқ, пул, Душанбе”-ро нашр мекард. Онро коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов ба навор гирифтааст, ки дар силсилафилм ӯ ҳам сенариянавис, продюсер ва ҳунарпешаи асосӣ мебошад.

Сарфи назар аз он, ки ҳар як қисми филм 20 дақиқагӣ тӯл мекашад, сужа сода ва аксари нақшҳоро вебнависон, сарояндагону дигар ҳунармандони ғайриҳирфаӣ бозидаанд. “Ишқ, пул, Душанбе” аз тарафи мардум хуб пазируфта шуда, иқтибосҳо ба даҳони мардум рафтаанд. Он дар сериали 100-ум хотима ёфт.

Сужаи силсилафилм ин гуна аст: як гурӯҳ мардони муҷаррад ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони асосии филм – Шоҳрух (Набиҷон Пирматов) бо бародари бузурги худ Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов) ва падараш (Ғаниҷон Олимов) дар як хонаи хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Мушкилоти асосӣ ин норасоии пул аст ва кулли сужаи силсилафилм  дар атрофи ба даст овардани маблағ ҷараён мегирад.

Шоҳрух як бачаи одӣ аст, ки мехоҳад дӯстдухтаре пайдо карда, ба монанди Стив Ҷобс ва ё ҳадди ақал Саидмурод Давлатов  сарватманд шавад. Аксҳои ин ду кас дар болои кати Шоҳрух овезон аст. Бародари 32-солаи ӯ бошад, акси классикони назми тоҷикро ба девори худ овехтааст.

Ӯ ҳамзамон дар мактаб дарс медиҳад, бештар илм меомӯзад, соатҳо дар китобхона менишинад ва орзуҳои бузург карда, муҳаббати беандозаро орзу мекунад. Вале дар муносибат бо занон хеле шармгин аст.

Ҳарчанд, Набиҷон Пирматов ҳунарманди ҳирфаӣ нест, нақши асосии филмҳояшро (“Арӯси замонавӣ”, “Домоди замонавӣ”) танҳо худаш иҷро мекунад. Дар маҷмуъ, нақшҳои зиёдероҳунармандони ғайриҳирфаӣ иҷро мекунанд.

Дар ҷараёни филм бинанда дӯсти Шоҳрух Ҷомӣ-Ҷонӣ (вебнавис Рафаэл Гулов), зани соҳибкор Карашма (вебнависи инстаграм Сабринаи Назрӣ), мухлиси ӯ Беҳрӯз (барандаи телевизион ва радио Беҳрӯз Насриддинов), бародари Карашма – соҳибкор Сардор (шоумен Беҳрӯз Зеваров), як ҳамсинфаш (сароянда Чоршанбе Аловатов)-ро мебинад, ки бо навбат дар силсилафилм ҳозир мешаванд. Ба мисли як шабнишинии воқеие, ки дар Душанбе ҷамъ меоянд.

Мубориз Усмонов – ровии маъруфи радио, ҳунарманд, ки ҳамзамон директори “Love radio” аст, дар силсилафилм нақши худашро мебозад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД