Formula novemver 2024
МАҲБАС МАРО ДИНДОР КАРД
3271
МАҲБАС МАРО ДИНДОР КАРД

 

Бахтиёр Раҳматуллоев, намояндаи Маркази таълимии Калисои масеҳиён дар Душанбе мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 11 сол дошт, ки падару модараш бо сабабҳои оилавӣ аз ҳам ҷудо шуданд ва тарбияи 5 фарзанд бар души модараш афтид. Сарнавишт Бахтиёрро се маротиба паси панҷараҳои зиндон бурд ва маротибаи охир, баъд аз муайян ва интихоб кардани равияаш зиндагиаш тағйир ёфт.

Ба гуфтаи худаш, Бахтиёр дар оилаи мусулман ба дунё омадааст. Бибиаш тотор буда, ҳамеша ба ибодат, яъне намоз ва қуръонхонӣ машғулбуд, вале наберагону фарзандонашро ба ибодат кардан маҷбур намекардааст.    

Вақте оилаи онҳо пароканда шуд, Бахтиёр дар ҳаёт ба шакасту рехти зиёд дучор гашт.

“Падарам дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард, вақте онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, мо бо модарам ба шаҳри Душанбе омадем. Тарбияи мо, 5 фарзанд бар души модари танҳоям бор шуд. Ман падарамро сахт дӯст медоштам. Вақте падарамро ёд мекардам, аз модарам пинҳонӣ аз дарс гурехта ба фурӯдгоҳ мерафтам, ки падарам бо тайёра аз Хуҷанд биёяду маро ҳамроҳаш барад, аммо чунин нашуд”-гузаштаашро ба ёд меорад қаҳрамони мо.

Бахтиёр орзу доштам, ки дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ шавад ва касби ҳавонавардӣ, яъне “лёдчик”-ро гирад, вале вақте падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд, орзуҳояш дар гӯшае монданду роҳи зиндагиаш дигар шуд.

Ман дар оила фарзанди дуюм будам. Вақте ки волидонам ҷудо шуданд, фарзанди хурии хонадони мо ҳанӯз яксола ҳам набуд. Нигоҳубини мо, панҷ фарзанд бар души модари танҳоям афтида, кашидани бори зиндагӣ барояш гаронӣ мекард. Модарам дар корхонаи насоҷӣ ба кор даромад. Дигар вақте надошт, ки бо мо машғул шавад, дарсҳои моро назорат кунад, чунки аз кор монда шуда меомад. Ман низ дигар ба дарсҳо аҳмият намедодам, ба мактаб намерафтам. Вақте синфи 6 шудам, бо бачаҳои роҳзан ҳамроҳ шудам. Дар 14 солагиам аввалин бор маҳбасӣ шудам. Як сол дар зиндон будам, баъд маро ба хизмат дар сафи қувваҳои мусалаҳ   бурданд. Дар он ҷо аз сигоркашӣ ва майнӯши даст кашидам, вале баъди се сол боз ба ҳамон рафиқони собиқам дпайдо шуданд ва зиндагиам мисли пешина шуд”-нақл мекунад Бахтиёр.

Се бор маҳбасӣ шудам

Соли 1993 буд. Қалби ман ором надошт. Худоро меҷустам, вале намедонистам ба куҷо равам, ба кӣ муроҷиа кунам, чунки дар он солҳо равияҳои зиёде буданд, дини ислом низ рушд мекард. Соли 1995 маро дубора ҳабс карданд ва 5 сол муҳлати ҷазо доданд. Соли 1999 авфи тиллоӣ қабул шуд ва маро дар ин афв озод карданд. Соли 2001 бори сеюм маро ба ҳабс ва реҷаи сахт (строги режим) гирифтанд. Тасмим буд, ки маро 19 сол зиндон кунанд, вале Худо хост, ки ман танҳо 10 сол маҳбас шавам. Баъд фаҳмидам, ки ин меҳрубонии Худо будаст, чунки то он вақт ман на дар дини ислом будам, на дар дини католикҳо на дигар динҳо.

Маҳбас ба ман дин дод

Вақте маро ба мабҳаси шароиташ умумӣ гузарониданд, дар он ҷо барои диндорон масҷид ва барои намояндагони дигар равияҳо ҳуҷраи алоҳида ҷудо карда буданд, ки дар як ҳуҷрааш пайравони дини католикӣ дар як ҳафта як маротиба ба онҷо ворид шуда, ба ибодат машғул мешуданд. Ман бори аввал ба онҷо ворид шудам ва дидам, ки онҳо чӣ гуна Худоро парастиш мекунанд. Ман дар он ҷо ба парастиши Худо оғоз кардам ва Худо зиндагии маро иваз кард. Худо дили маро иваз кард, мақсади маро иваз кард. Баъд аз адо кардани муҳлати ҷазо даҳ сол мешавад, ки ман дар роҳи рост зиндагӣ қадам мезанам ва ҳамеша дар ёди Худо ҳастам.

Тарс доштам, ки ....

Дар аввал каме тарс доштам, ки чӣ гуна бо ман муносибат мекунанд. Ҷаҳони ҷиноят ва ҷаҳони ибодат аз осмон то замин фарқ мекунад. Ҳаёти гузашта ба ман чизе надод. Вақте ки ман бори аввал ба ибодат кардан рафтам, дӯстонам, ки ҳамон вақт бо ман буданд, аз ман пурсиданд, ки ту мехоҳӣ монах шавӣ. Хулоса муносибати мо хуб аст ва боре дар ин бора ҳам нофаҳмӣ вуҷуд надошт.

Агар бибии ман зинда мебуд, сад дар сад бовар дорам, ки бо ман ҷанг мешуд, чунки ӯ ба дини ислом дилабастгии зиёд дошт ва диндорӣ сахт буд. Вақте модарам ба аёдати ман ба маҳбас рафт, аз интихоби худ гуфтам, вале бовар накард, чунки зиндагии пешинаи маро хуб медонист ва фикр мекард, ки ин бор ҳам ман сохтакорӣ мекунам.

Инсон бояд бо амалҳояш исбот кунад, ки зиндагиашро чи гуна тағйир ёфтааст. Вақте ман озод шудам, ба пурраги роҳу равишамро иваз кардам.

Пас аз 25 сол бори аввал бо падарам вохӯрдем, Ҳарчанд ӯ маро тарбият накарда буд, сахт тарс доштам, ки дар бораи дини қабул кардаам ошкоро бигӯям. Давоми 10 дақиқа натавонистам, ки дар ин бора фаҳмонам, вале Худо ба ман қувват дод ва ман ошкор кардам. Падарам инро оромона қабул кард. Баъд аз ин ман ором шудам.

Ҳозир ман хурсандам, ки Худо дорам ва ӯ зиндагии маро тағийр дод. Шукри Худо ман зану фарзанд дорам.

Ҳамсарам ҳамдинам буд

Вақте ман бо ҳамсарам шинос шудам, ӯ алакай дини христианиро қабул карда буд. Ӯ тоҷик аст ва шукр, ки зиндагии орому осуда дорем.

Бале, чунин одамон буданд, ки ба хотири гирифтани кӯмакҳо дину равияашонро иваз мекарданд, вале бо мурури замон бо беҳтар шудани сатҳи иқтисодиашон онҳо боз динашро иваз карданд. Мефаҳмам, ки он замон зиндагӣ мушкил буд, нон набуд, вале нафароне, ки аз сидқ ба дин ё равияе мепайванданд, онҳо то охир устувор мемонанд ва монданд.

Худо ба инсон интихоби озод медиҳад. Шояд касе аз ислом чизи хубе пайдо мекунад, шояд нафаре аз бутпарастӣ он чизи дилхоҳашро ба даст меорад. Ман ин ҳолатро муҳокима кардан намехоҳам, чунки ин кори Худо аст ва худаш ин чизро хубтар медонад.

Тибқи омори расмии Кумитаи дин, танзим аънана ва ҷашну маросиси назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар 66 ташкилот ва ҷамоаҳои динии ғайриисломӣ аз қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирӣ гузашта, дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ ворид гардидаанд. 

Аз ин шумора 12 тои он  масеҳиёни инҷилӣ-баптистиро ташкил мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД