shoh palace
Мадина Ақназарова 25-сола шуд!
869

"Ман 13 сол дар Санкт-Петербург зиндагӣ карда, он ҷо ба воя расидаам. Дар сардиҳо тоқат мекардем. Одам ба ҳама чиз одат мекардааст. Ман ҳарчанд дар Русия ба воя расида бошам ҳам, фақат шаҳрванди Тоҷикистонам. Ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаам. Ватани ман ин ҷост. Хун мекашад. Вақте ки дар Русия зиндагӣ мекардем, бисёр Ватанро ёд мекардам."

Муаллифи ин суханҳо, яке аз сарояндаҳои саршиноси тоҷик бонуи зебо ва муаррифигари санъати мо дар кишвар  ва берун аз он мебошад.  

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Падару модараш зодаи Бадахшонанд ва Мадина фарзанди ягона аст. Волидонаш ҳангоми дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил кардани Мадина аз ҳам ҷудо шуданд.

Баъди хатми синфи дуюм Мадинаву модараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Россия рафтанд. Дар ин бора худи Мадина дар як мусоҳибааш чунин гуфтааст: "Ман 13 сол дар Санкт-Петербург зиндагӣ карда, он ҷо ба воя расидаам. Дар сардиҳо тоқат мекардем. Одам ба ҳама чиз одат мекардааст. Ман ҳарчанд дар Русия ба воя расида бошам ҳам, фақат шаҳрванди Тоҷикистонам. Ман дар Тоҷикистон таваллуд шудаам. Ватани ман ин ҷост. Хун мекашад. Вақте ки дар Русия зиндагӣ мекардем, бисёр Ватанро ёд мекардам.

Ба модарам мегуфтам, ки намехоҳам ин ҷо зиндагӣ кунам, зеро худамро бегона ҳис мекунам. Ва вақте мактаб тамом шуд, ба Ватан омадам. Хаста шудем, дар мусофират одам худашро хуб ҳис намекунад. Модарам низ азоб кашиданд. Шукри Худо, ҳама чиз хуб буд. Модарам кор мекарданд, зиндагиамон нағз мегузашт, вале... Ватан дигар аст".

Мадина аз хурдӣ кӯдаки хеле боистеъдод буд. Дар мактаб муаллимони мусиқӣ ба истеъдоди сурудхонӣ ва тембри ғайриоддии овози ӯ зуд таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ақназарова дар хори мактабии шаҳри Санкт-Петербург риштаи вокалро омӯхтааст. Мадина ҳамеша яккасаро буд.

Соли 2014 пас аз хатми синфи 9 ба Душанбе кӯчиданд ва Мадина ба Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов ба шӯъбаи вокалҳои академӣ дохил шуд.
Баъдан фаъолияти мусиқии худро оғоз намуда, таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дода, онҷо хатм кардааст.

Мадина Ақназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик яке аз беҳтаринҳо буд. Тембри ғайримуқаррарии овоз, услуби иҷро, матни хуб ва нерӯи ирсӣ ёрй расонд, ки дар дили тамошобинон зуд акс пайдо кунад. Шумораи мухлисони 
Нахустин албоми "Ай ёр, ёр" миёни мардум ғулғула афканд ва ба зудӣ ӯро ба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, консертҳои сатҳи давлатӣ даъват карданд. Ҳунарманди ҷавон борҳо Тоҷикистонро дар хориҷа, аз ҷумла дар фестивалҳои Ҷопон ва Узбакистон муаррифӣ кардааст.

Дар тӯли фаъолияти кӯтоҳи эҷодии худ Мадина Ақназарова аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Петербург консертҳои соло баргузор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД