Мадина Ақназарова - ситораи пурҷилои эстрадаи тоҷик модар ва соҳиби писар шуд. Дар ин бора рӯзи 8-уми март Мадина дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи Instаgram хабар дод.
Мадина бо нашри чанд акси фарзанди навзодаш навишт:
“Модар будан – ин фақат шабҳои бедорхобӣ нест.
Модар будан – эҳсос кардани тифл бо қалб аст.
Бо одитарин чизҳо хурсанд шудан: ҳарфи аввал, қадами нахустин, табассуми аввалин.
Муҳаббати беохир, ки дар он гармӣ, сабр ва нерӯе ҳаст, ки бо калимаҳо баён кардани он имконпазир нест.
Ид муборак, бонувони азиз, махсусан онҳое, ки қалбашон бузургтар аст, зеро дар он фарзандони онҳо ҳам зиндагӣ мекунанд”.
Аз аксҳои нашршуда маълум мешавад, ки писари Мадина Ақназарова Олим ном дорад.
Хабари ба шавҳар баромадани Мадина Ақназарова моҳи июни соли гузашта расонаӣ шуда буд. Он вақт Мадина дар саҳифаи Инстаграмаш наворе нашр кард, ки боиси сарусадоҳои зиёд шуд. Дар навор арӯсе дида мешавад, ки дар тан либоси миллӣ дорад ва рӯяш бо рӯймоли калони сурх пӯшонида шудааст. Шояд аз ҳамин сабаб баъди пахши ин наворҳо дар байни мардум овозае паҳн гашт, ки Мадина Ақназарова ба шавҳар баромада, навори тӯйи арӯсиашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст. Вале Мадина дар ин бора маълумот надод.
Инак, бо гузашти 10 моҳ Мадина акси писари навзодашро нашр кард.
Ёдовар мешавем, ки Мадина Ақназарова - яке аз сарояндагони маъруфи насли нави мусиқии попи тоҷик мебошад. Ӯ бо овози нозук, иҷрои ҳиссос ва омезиши мусиқии муосир бо оҳангҳои суннатии тоҷикӣ миёни ҷавонон шуҳрати зиёд пайдо кардааст.
Мадина 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ қисман дар Санкт Петербург гузаштааст. Баъдтар ба Тоҷикистон баргашта, таҳсилро дар шаҳри Душанбе идома додааст.
Ӯ дар Колеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов дар риштаи вокали академӣ таҳсил кардааст.
Фаъолияти ҳунарии Мадина аз соли 2017 оғоз ёфт. Бо баромадани сурудҳои нахустинаш ӯ ба зудӣ миёни шунавандагон машҳур шуд. Аз сурудҳои маъруфи ӯ метавон «Ай ёр ёр», «Бирақсем», «Ҷону дилам», «Дилакам» ва «Кабкаки маст»-ро ном бурд.
Сурудҳои Мадина асосан дар сабки поп иҷро мешаванд, вале дар онҳо унсурҳои мусиқии суннатии тоҷикӣ низ ба назар мерасанд. Ӯ бештар ба забони тоҷикӣ месарояд, вале баъзе сурудҳоро ба русӣ ва дигар забонҳо низ иҷро кардааст.
Имрӯз Мадина Ақназарова яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии эстрадии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бо барномаҳои консертӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ аз он ҳунарнамоӣ мекунад.
Мо Мадинаро ба муносибати модар шуданаш табрик мегӯем.
БАХТОВАР