Arzon march 2024
Мадина асрори зиндагии талхашро нақл кард
1375


"Вақте гурусна мешудам, дасторхон меоростам. Хушдоманам мегуфтанд, нону авқот нахӯру заҳр хӯр. Аз гапҳояшон тарсида, нонро пинҳонӣ гирифта, хӯрда будам,"- қисса мекунад Мадина Сиддиқзода бо алам....

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори пурсару садое паҳн гашта буд, ки дар он хушдоман келинро барои нонро “дуздида хӯрданаш” истинтоқ мекард. Баъдтар маълум шуд, ки навор аз шаҳри Исфара бардошта шуда, келинчаки ҷабрдида ба ҷавони гунге ба шавҳар баромадааст, вале дар хонаи шавҳараш пайваста мавриди хушунату зӯроварӣ ва мазоқу масхараи хушдоман ва наздикони ҳамсараш қарор доштааст.

Ин навор дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард ва намояндагои Кумитаи кор бо занон ба оила дар Вилояти Суғд ба шаҳри Исфара сафар карда, бо хушдомани келинчак сӯҳбат оростанд.

"Зоҳиран чунин ба назар мерасид, ки баъди ин сӯҳбати тарбиявӣ вазъи ин оила ором гаштааст, аммо маълум мешавад, ки ин хомӯшии пеш аз тӯфон буда, келинчаки ҷабрдида аз хонаи шавҳараш рафтааст".

Мадина Сиддиқзода, ҳамон келинчаке, ки дар навор модаршӯяш ӯро истинтоқ мекард, дар сӯҳбат бо хабарнигорон тасдиқ намудааст, ки дар ҳақиқат ӯ аз хонаи шавҳараш рафтааст. Ин зан кӯдаки чормоҳа дошта, айни замон дар хонаи аммааш зиндагӣ мекунад.

"Мехоҳам, фарзандамро дар муҳити хуб калон кунам. Намехоҳам, кит фарзандам ба мисли ман азобу кулфат кашад. Намехоҳам, асабҳояш хароб гардад," –гуфтааст Мадина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Оилаи шавҳари Мадина дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зиндагӣ мекунанд. Хабарнигор ба хонаашон рафта бошанд ҳам, онҳо ба сӯҳбат розӣ нашудаанд.

Мадина Сиддиқзода асрори зиндагии пурдардашро нақл карда, гуфтааст, ки он навор бо иштироки ӯ ва хушдоманаш ҳамагӣ пас аз як моҳи оиладор шуданаш сабт гшуда буд, вале акнун ба интернет роҳ ёфтааст.
"Вақте гурусна мешудам, дасторхон меоростам. Хушдоманам мегуфтанд, нону авқот нахӯру заҳр хӯр. Аз гапҳояшон тарсида, нонро пинҳонӣ гирифта, хӯрда будам,"- қисса мекунадМадина бо алам...

Ба гуфти худи Мадина дар ҳафтмоҳагияш оилаи онҳо вайрон шуда, падару модараш ҷудо зиндагӣ мекунанд. Вай муддате дар парастории ибаш буд ва баъди марги кампир ба хонаи модарандар рафтааст. Мадинаро аз он ҷо ба шавҳар доданд, ваел бахт ба рӯяш нахандид.
Айни замон Мадина Сиддиқзода дар хонаи аммааш зиндагӣ мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД