gazprom august 2025
Маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаши гаронвазн ба охир расид
01.09.2025
Oila.tj
53

Муҳлати маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаши гаронвазн, ки аз якуми июни соли равон аз соати 10:00 то 19:00 муайян шуда буд, ба охир расидааст.

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони чунин намуди мошинҳо расонидаааст, ки минбаъд метавонанд дар фурсати барояшон муносиб ба роҳ бароянд.

Ширкат ба тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн барои дарки моҳияти муайян намудани маҳдудияти мавсимӣ ва ҳамгироӣ бо кормандон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД