toyota motors
Маҳфили “Тоҷикшиносӣ” дар Китобхонаи миллӣ
69

Бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Шарҳу тавзеҳи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ» бо иштироки муҳаққиқони ватанӣ маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» баргузор гашт.

Зимни маҳфил Лутфия Абдулхолиқзода, директори Китобхонаи миллӣ оид ба аҳамияти омӯзиш ва таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди тафаккури миллӣ ибрози назар намуда, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ» маърӯза намуд.

Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ, арзишҳои миллӣ, нақши таърих дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва аҳамияти илмии консепсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» якчанд маҳфилро дар мавзуҳои «Забони миллат-ҳастии миллат», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон», «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён», «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва воситахои электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ», «Санъати хонасозии мардуми ориёӣ - аз варҷамкати Ҷамшед то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон», «Чакан - мероси шигарфи фарҳанг», «Куруши Кабир ва Зулқарнайн» ва «Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар: таҳаввули таърихии ҳуқуқи инсон ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи ин арзишҳо» ва «Сарнавишти тоҷикон дар асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ» баргузор намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД