arzon replenishment
МАГАР ХУДТАЛОҚДИҲИИ ЗАН РАВОСТ?
4735



Оё зан метавонад худашро худ талоқ диҳад?
Муллоҳусайн,ноҳияи Рӯдакӣ.

ҶАМОЛИДДИН ХОМУШӢ:
Бе иҷозати мард зан наметавонад хешро талоқ дихад. Аммо вақте мард ба зани худ гӯяд: «ихтиёр кун» ва бо ин ибора талоқро дар назар дошта бошад, зан дар ҳамон ҳолате, ки сухани шавҳарашро шунид, худро талоқ диҳад, талоқ воқеъ мешавад. Аммо аз он ҳолат ба дигар ҳол баргардад, масалан нишаста буд бархост, ё истода буд ба қадамзанӣ даромад, ихтиёраш аз дасташ меравад ва худро талоқ дода наметавонад. Агар мард ба зани хеш гӯяд: «Худатро талоқ деҳ», дар ин сурат ҳам, зан метавонад худашро талоқ диҳад, бо риояи шарти зикршуда.

НАФАҚАИ ӮРО КӢ БОЯД ТАЪМИН НАМОЯД?
Занеро шавҳараш талоқ диҳад иддааш тамом нашавад, ҳаққи ба шавҳар баромаданро надорад, пас ӯ дар ин муддат дар куҷо зиндагӣ кунад ва нафақаи ӯро кӣ бояд таъмин намояд?
Муҳаммадшукур Ҳошимов,
ноҳияи Евон.
ПОСУХ:
Вақте мард занашро талоқ диҳад, то ба охир расидани иддаи зан мард бояд ба ӯ хонаи алоҳида, яъне ҷои зист, таъмин намояд. Албатта, хонаи алоҳида на ба он маъно, ки ба ӯ хонаи алоҳида харида диҳад, балки як утоқе, ки дар он зани талоқшуда зиндагӣ карда тавонад, кифоя аст. Он утоқ дар ҳавлии мард бошад, беҳтар аст. Ҳамчунин шароити ба иффати зан халал ворид нашудан ҳам бояд риоя шавад. Гузашта аз ин, мардро лозим аст хӯрок ва либоси зани талоқдодаашро то ба охир расидани иддааш таъмин намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД