arzon replenishment
Маҳмадсаид Убайдуллоев 70-сола шуд!
01.02.2022
ОИЛА
1837

Имрӯз яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик, фарзанди фарзона ва номдору номбардори миллат Маҳмадсаид Убайдуллоев 70-умин солгарди умрашро ҷашн мегирад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 1-уми феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.


Таҳсилдидаи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон буда, баъди хатми ин донишкада барои таквият додани донишу малакаи худ ба Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини шаҳри Харков дохил мешавад. Убайдуллоев бо доштани ду маълумоти олӣ низ қаноат накарда, ҳамзамн Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Тошкандро бо баҳои аъло хатм намудааст.


Фаъолияти меҳнатии Маҳмадсаид Убайдуллоев аз солҳои 1974 оғоз ёфта, дар вазифаҳои гуногун, аз қабили сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ, директор, мудири шуъба, муовини сардори раёсат кор кардааст.


Ҳамин тавр зина ба зина боло рафта, Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 1996 раиси шаҳри Душанбе интихоб шуд ва дар ин вазифаи бисёр пурмасъулият муддати 20 сол кор кард.


Ин марди накӯном натанҳо шаҳрдори пойтахт, балки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд ва дар таҳкими қонуну қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ низ саҳми бориз ва арзанда дорад.


Кормандони сомонаи ОИЛА. ТҶ ин марди ба миллату Ватан содиқ ва масъулиятшиносро бо 70-умин солгарди умри пурбаракаташ сидқан муборакбод гуфта, ба эшон тани сиҳату хотири ҷамъ ва осоишу саодати рӯзгорро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД