Аз хоб тарсида хестам. Мактуби чала навиштаамро пурра кардаму ба почта гузоштам. Дилам гурс-гурс мезад. Он вақт падарат таваллуд шуда буд. Камтар пас ӯ ҳам хесту беист гирист. Аз ин ҳол ба худ фоли бад гирифтам.
- Дилам ғаш буд. Дар ҳақи ӯ ва тамоми ҳомиёни ватан дуо мекардам. Дуо мекардам, ки сиҳату саломат дар ҷанг ғалаба карда, ба назди оилаҳояшон баргарданд,- оҳи чуқур кашид кампир ва ашки чашмонашро бо банди рӯймолаш пок карда, суханашро идома дод:
- Гоҳ-гоҳ ба ҳам хабар навишта меистодем. Аз ҳолу аҳволи ҳамдигар мепурсидем. Рафта-рафта аз бобоят мактуб дер меомадагӣ шуд ва бо ҳамин дигар наомад. Солҳо гузаштанд, хусуру хушдоманам барои худашон назди дарвоза хона сохта, аз берун тиреза карданд. Рӯз то бегоҳ аз тиреза бо ду чашми чор ба роҳ менигаристанд. Бо ҳамин ғаму ғӯссаву алам хусуру хушдоманам яке паси дигаре аз олам чашм пӯшиданд...
- Вақте бобокалону бибикалон вафот карданд, ҷанг тамом шуда буд?,- суол кард Сардор.
- Бале, ҷанг тамом шуд. Давлати Шуравӣ ғалаба кард. Садҳо ҷавонони ба ҷанг рафта баргаштанд. Ба садҳои дигар мактуби сиёҳ омад. Ва садҳои дигар дар рӯйхати беномунишон бедаракшуда қарор доштанд. Ҳарчанд хобҳои ҳархела медидам, вале ба як рӯз омадани бобоят бовар доштам.
Солҳо гузашт, падарат калон шуд. Ӯро хумори дидори падар мегирифт. Ба вай асли воқеаро гуфта дода будам. Баъзе хешу табор ва ҳатто хусуру хушдоманам ҳам борҳо гуфтанд, ки ҳоло ҷавонаму ба шавҳар бароям, вале ман рад мекардам. Ба он ишқи поки шавҳарам содиқ монданамро мегуфтам. Ҳамин тавр, аз байн 70 сол гузашт. 70 сол аст, ки ман бобоятро интизор. Ман фидои ҳамон ишқи покам. Ҳамон ишқе, ки дар натиҷаи ҷонбозиҳои бобоят ба даст омадааст.
- Бибиҷон, шукр, ки Худованд ба шумо даррав фарзанд ато кардааст. Ва ҳамон фарзанд имрӯз аз бобоям ёдгор.
- Бале писарам, ҳар бор шукр мекунам, ки падарат ҳаст. Ва ту барин наберачаҳои зебо дорам. Ростӣ қиссаи ишқу муҳаббати мо ва садоқатам ба бобоят даҳони мардум достон шудааст. Ҳатто борҳо рӯзноманигорон омада аз ин ишқу муҳаббат мақолаҳо навишта буданд.
- 70 соли интизорӣ ба даҳон гуфтан осон. 70 сол умри як инсони комил. Ба сабру тоқати шумо қоил ман, бибиҷон. Ана ишқу мана муҳаббат. Мана дӯстдориву иззат. Ана инро садоқат ба ишқи пок мегӯянд. Боварам намеояд. Наход даҳ не, бист не, 70 сол интизор шавед. Бениҳоят зани қавииродаву устувор будаед бибиҷон,- гуфт Сардор мутаҳаййирона.
- Кампир бо табассум ба суханони наберааш гӯш медод. Чашмонаш пур аз ашк буданд, вале он ашк аз ифтихор ва шукргузорӣ медурахшид.
- Писарам,- гуфт бо овози нарм,- ман кори ғайриодӣ накардаам ва қаҳрамонӣ ҳам. Ваъда дода будам ва ба ишқи покам хиёнат накардам. 70 сол барои диле, ки дӯст медорад, як нафас аст,- ҷавоб дод кампир.- Ҳар саҳар бо умед бедор мешудам. Ҳар шом бо дуо мехобидам. Мегуфтам, ки агар қисмат бошад, меояд. Агар не, ман ба ваъдаам вафо мекунам. Акнун, писарам, ба ман бигӯ, оё ишқи ту ҳам чунин пок аст? Ё як булҳавасии кӯдакона?
- Не, ишқи ман ҳам пок аст. Ман ҳам мисли бобоям барои ишқам мубориза мебарам...
Ҳамин тавр, холаи Зулайхо ба хостгорӣ рафт, ба волидони духтар низ қиссаи ишқи худро нақл кард. Билохира онҳо барои тӯй розӣ шуданд. Холаи Зулайхо аз дидани тӯйи наберааш аз шодии зиёд дар куртааш намеғунҷид. Кампир ба навҷавонон фотиҳаи нек дода, гуфт:
- Оилае, ки асосашро ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар ташкил медиҳад, оилаи мустаҳкам ба ҳисоб меравад ва аз ҳама гуна офату зиёну зарар эмин мемонад. Дар чунин оила ҳар як узв худро амн ва қадршуда эҳсос мекунад. Падару модар бо меҳрубонӣ фарзандонро тарбия намуда, ба онҳо роҳи росту одоби нек меомӯзанд. Фарзандон низ бо эҳтиром ва итоат нисбат ба калонсолон рафтор мекунанд. Ҳар мушкилоте, ки дар зиндагӣ пеш меояд, бо маслиҳату сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мегардад. Ту, ки бо пофишориҳои зиёд бо дӯстдоштаат оила барпо мекунӣ, ҳамон ишқу муҳаббатеро, ки асос гузоштаӣ, идома деҳ. Маҳз чунин оилаҳо ҷомеаро обод намуда, насли солим ва боахлоқро ба воя мерасонанд. Зеро оила мактаби аввалини зиндагӣ аст ва муҳаббату эҳтиром сутунҳои асосии он ба шумор мераванд. Ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ сабр кун. Дар зиндагӣ ҳар гуна ҳолатҳо пеш меоянд, аммо агар ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва садоқат бошад, ҳар мушкил осон мегардад. Муҳаббатро қадр кун, зеро он нерӯест, ки оиларо мустаҳкам ва зиндагиро зебо месозад. Инак, ба ту дар роҳи дуру дарози зиндагӣ роҳи сафед, иқболи баланд ва бахти нек орзу мекунам.
Холаи Зулайхо аз он хушнуд буд, ки имрӯз боз як ҷуфт ошиқони дигар ба висоли ҳам расиданд. Ӯ дуо кард, ки дар ҳар хонадон ишқу муҳаббат, меҳру садоқат пойдор монад. "Хоҳ дӯст дошта оиладор шаванд, хоҳ не, бояд зану шавҳар ба ҳамдигар меҳрубону содиқ бошанд, ишқу муҳаббатро байни ҳам афзун созанд", мегуфт дар дил.
Абдуғаффор ШОДИЕВ