sebiston july new
Тавбаи Мадинаи фоҳиша
13979

 

Бисёр фоҳишаҳо аз оилаҳои хубанд. Ман ҳам аз оилаи бад нестам. Аксар вақт волидон ҳатто намедонанд, ки духтарони онҳо ба чӣ кор машғуланд. Падару модари ман ҳам аз фоҳиша шудани духтарашон хабар надорад...

Зиндагии пур аз фисқу фуҷури ман хело барвақт, ҳангоми дар курси якуми донишгоҳ таҳсил карданам шурӯъ шуд. Дар семестри дуюм дар як қаҳвахона бо Юсуф ном марди зебои 30-35 солае шинос шудам. Фарқияти синну соламон калон бошад ҳам, ин марди хушсурату хушлибос аз нигоҳи аввал дили маро рабуд. Вай чунон гапҳои ширин мезад, ки дили мани то он замон меҳрубонии мардро надида обу адо мешуд. Гумон кардам, ки Юсуф ошиқи зорам гаштаасту маро бо тӯю тамошо ба занӣ гирифта, дар қасри ишқаш малика месозад, аммо ҳар гоҳ, ки дар бораи хостгорӣ даҳон кушоям, вай гапро ба дигар тараф мебурд ё баҳонае пеш оварда, ин кори хайрро қафо мепартофт.  

Баъди таътили тобистона ошиқам барои ман хонаи зебои пурҷиҳозеро иҷора гирифту аз хобгоҳ ба он манзил кӯчидам. Юсуф маро сад дар сад таъмин менамуд ва тез-тез бароям тӯҳфаҳои қимматбаҳо тақдим менамуд. Дар назарам аз ман дида духтари хушбахттар дар ҷаҳон набуд, аммо зиндагии шоҳонаам тӯл накашид. Рӯзе гапамон бо ошиқи “пирам” гурехту Юсуф мисли занҳо қаҳр карда, дарро зада баромада рафт. Чанд рӯз интизорӣ кашида бошам ҳам, дигар на занг мезад ва на суроғам мекард. Билохира тоқатам тоқ шуду худам ба ӯ занг задам. Телефонро зане бардошта чунон дашному ҳақоратҳои болохонадор кард, ки забонам ба такрор карданашон намегардад. Юсуф ба ман гуфта буд, ки занаш сари фарзанд рафтааст, аммо маълум гашт, ки ҳамаи гапҳояш дуруғ будаанд. Занаш зиндаву саломат будаасту ин марди занбоз бо макру ҳилла мани гӯлу гумроҳро ба домаш афтонида истифода бурдааст.

Азбаски дар умрам бори аввал ошиқ шуда будам, ҷудоӣ аз Юсуф бароям хеле вазнин афтид. Чандин шабонарӯз аз хона набаромада, сарамро ба болин зер карда гиристам. Аз гулӯям чизе намегузашт, дар пеши назарам танҳо симои зебои Юсуф ҷилвагар буду дар гӯшҳоям суханонаш садо медоданд. Ба ҷудоӣ тоб наоварда, ба Юсуф занг мезадам, аммо ошиқи беинсофам маро дашном дода, таъкидмекард, ки дигар ба ӯ занг назанам, аз барои ман шуда, аз хонаву дари обдаш мондан намехоҳад...

Аз аламу дард ба худ қарордодам, ки ҳатман қасос мегирам. Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ барои шиносоӣ худро номнавис кардам. Якчанд акси нимурёнамро гузошта ба ҷустуҷӯи мардони аз 35 то 45 сола шурӯъ кардам. Пас аз чанд лаҳза марди ношиносе ба ман паёмаке равон кард: "Нархи хизматат чанд аст?" Таваккалӣ “1000 сомонӣ» навиштам. Боварӣ доштам ки бо дидани ин рақам мард талхакаф мешавад, лекин ӯ маро ба мулоқот даъват намуд. Рӯзи дигар мо дар ҷойи таъиншуда вохӯрдем ва ... 
Ҳамин тавр ман фоҳиша шудам.

Мардони калонсолу пулдор бештар духтарони ҷавонро меписанданд. Ман ҷавону зебо будам, маҳз барои ҳамин ҳаводоронам зиёд буданд. Қариб ҳаррӯз бо ягон марди айшпарасту пулдор вомехӯрдам. Ошиқонам аз табақаҳои гуногун буданд, сару либос ва мошинашонро дида, ба хизмати худ нарх мегузоштам. Яке 500 сомонӣ медоду дигарӣ 100-200 сомонӣ, аз ҳисоби ҳамин пулҳои ҳаром ман кару фар карда мегаштам. Пули ба даст овардаамро фақат ба худам сарф карда, тез-тез ба кошонаи ҳусн мерафтам, худро орову торо дода, либосҳои зебо мепӯшидам, то ки ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошам.

Дигар умуман ба Донишгоҳ намерафтам. Бо сабаби дар дарсҳо иштирок накарданам маро хориҷ намуданд. Падару модарам хабар надоштанд, ки духтарашон кайҳо аз донишгоҳ хориҷ шудаасту дар шаҳр фоҳишагӣ карда мегардад. Онҳо фикр мекарданд,ки ман баъди дарсҳо дар як корхона ним штат кор мекунам ва зиндагиамро аз ҳамин ҳисоб пеш бурда истодаам.

Ҳамин тавр дар байни ду сол аз ҳисоби ошиқони бешуморам пули бисёре ҷамъ карда, мошин харидам. Бо як фоҳишадухтари дигар, ки Гулӣ ном дошт. Дугонаҳои ҷонӣ шуда, ҳардуямон дар як хона зиндагӣ мекардем. Як рӯз Гулиро ба кадом шабнишинӣ даъват карданд. Дугонаам худашро орову торо дода баромада рафту бо ҳамин ду рӯз нопадид шуд. Ҳарчанд занг мезанам телефонаш хомӯш буд. Рӯзи сеюм кормандони полис ба хонаамон омада ба ман хабари кушташавии Гулиро расонданд. Сари аз тан ҷудои дугонаамро аз наздикии Сирк аз як баки партовпароӣ ёфтаанд. Даҳшатнок буд шунидани ин хабар барои ман, зор-зор гиря карда, аз тарс дигар ба зангҳои мизоҷонам ҷавоб намедодам. Метарсидам, ки маро низ мисли Гулӣ дар куҷое кушта напартоянд. Дар ана ҳамон шабу рӯзҳои вазнин яке аз мизоҷонам, ки марди сарватманди миёнасоле буд, ба хонаам омад. Бо чашмони аз гиря варамида дарсу бими дар дил доштаамро ба ӯ ошкор намуда, гуфтам, ки тарки фоҳишагӣ намуда, аз ин пас одамвор зиндагӣ кардан мехоҳам. Мард ваъда дод, ки барои ман ягон ҷойи кор меёбад ва ба қавлаш вафо намуда, дар корхонаи як дӯсташ маро ба кор гузошт.

Манзили зистамро иваз намудам, то ки кию чикора буданамро мардум надонанд. Ба ҳамкоронам дар бораи гузаштаи худ чизе намегуфтам.

 


Дар яке аз деҳаҳои Айнӣ Дилшод ном ҷавоне мезист. Дилшод танҳо модар ва як хоҳар дошт.

geF15ID6Hy90FprrmMaI0KvCQWknj7MfFbCBJxle


 

Инак, чор сол боз ба ҳайси ёрдамчии сардор кор мекунам. Маоши зиёд нагирам ҳам, шукрона мекунам, ки бо пули ҳалол зиндагиамро пеш бурда истодаам. Мошинамро фурӯхта хоҳарамро ба донишгоҳ дохил кардам. Кӯшиш мекунам, ки чизҳои дилхоҳашро муҳайё созам, то ки мисли ман аз кӯчаи одамгарӣ баромада, фоҳиша нашавад. Намехоҳам,ки хоҳарам низ ҳамтақдири ман гардад. Дар деҳаамон касе аз фоҳишагии ман хабар надорад. Гумон мекунанд, ки мисли пештара духтари сарпаст ва бамаънӣ ҳастам. Хостгорони зиёде дарамон мекӯбанд. Падару модарам ҳар гоҳи ба шаҳр ба аёдати мо омаданашон таъкид мекунанд, ки умри инсон мисли оби равон зудгузар аст, тезтар якеро интихоб намуда аз паси зиндагиам шавам. Ростӣ дили худам ҳам ташнаи бахту фарзанд аст, вале бо домони олуда чӣ гуна ба остонаи хонаи марде қадам мегузорам?

Медонам, ки фоиша гӯён маро таъна мезанед, дашном медиҳед, ҳақорат мекунед. Оре, ман ба гуноҳи худ иқрор ҳастам, вале чаҳор сол шуд, ки тавба када, тарки зино намудааму дигар он кори ҳаромро такрор карданӣ нестам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, ки аз бахти оилавӣ бенасиб намонам?

Мадинаи гумроҳ

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Умма Мухаммада (С.А.В) 2019-10-01, 20:17
Аз тахти дил товба када намозро сар карда сатр карда ба хондани Китоби Курьон машгул шавед. Корхои хуб карда ба инсонхо ёри расонед. Худованди мехрубон шуморо албатта мебахшад вале ба корхои харром боз даст занед. Худованд дигар намебахшад. Корхо
Посух
Меҳриниссо 2019-10-01, 20:22
Якхел мардо сафсафа мехонен ки ҳамаш айби хутай,ифлоси, или хонаййй якаса харом мекууниву зани 3 или 4 меши...Между прочим ҳамихел духтарора мардако истифода мебаран,чиба ай Худо ҳами хел шағолҳо наметарсан? А ТЕБЕ РОДНАЯ ЖЕЛАЮ САБР..ГЛАВНОЕ САБР И ВСЕ БУДЕТ ХОРОШО...ГАПИ ҲАРХЕЛ ҲАРОМОЙ КYСЛЕС@ ГУШ НАКН...ХАМЕША ДАР ХИЗМАТИ ПАДАРУ МОДАРАТ БОШ...И БОЛЬШЕ НЕ ПОВТОРЯЙ ОШИБКУ..ПОМНИ АЛЛАХ С НАМИ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Умма Мухаммада (С.А.В) 2019-10-01, 20:17
Аз тахти дил товба када намозро сар карда сатр карда ба хондани Китоби Курьон машгул шавед. Корхои хуб карда ба инсонхо ёри расонед. Худованди мехрубон шуморо албатта мебахшад вале ба корхои харром боз даст занед. Худованд дигар намебахшад. Корхо
Посух
Меҳриниссо 2019-10-01, 20:22
Якхел мардо сафсафа мехонен ки ҳамаш айби хутай,ифлоси, или хонаййй якаса харом мекууниву зани 3 или 4 меши...Между прочим ҳамихел духтарора мардако истифода мебаран,чиба ай Худо ҳами хел шағолҳо наметарсан? А ТЕБЕ РОДНАЯ ЖЕЛАЮ САБР..ГЛАВНОЕ САБР И ВСЕ БУДЕТ ХОРОШО...ГАПИ ҲАРХЕЛ ҲАРОМОЙ КYСЛЕС@ ГУШ НАКН...ХАМЕША ДАР ХИЗМАТИ ПАДАРУ МОДАРАТ БОШ...И БОЛЬШЕ НЕ ПОВТОРЯЙ ОШИБКУ..ПОМНИ АЛЛАХ С НАМИ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД