Formula novemver 2024
Манижа шавҳарашро ба Нигина фурӯхту...
2644

 Қисми 3

-Майлаш, ман боз ба ту пул мефиристам, вале ба номи Худо қасам, агар ҳамин дафъа ҳам набиёӣ, аз баҳри ҳама чиз гузашта билет мехарам ва рост ба хонаатон рафта, туро худам маҷбурӣ кашолакунон меорам. Фаромӯш накун, ки туро занат ҳамту муфтакак не, бар ивази пули калон ба ман бахшидааст. Ту акнун моли ман ҳастӣ ва ман туро ба ҳеҷ кас намедиҳам...

Аз ин гапи Нигина Саид каме ба тахлука фитода ваъда кард, ки рӯзхои наздик ба Маскав парвоз хохад кард.

Манижа пул фиристодани Нигинао дида ба шавњараш гуфт, ки «ин зан дар хаќиќат туро дуст медоштааст, рав боз шаш моњи дигар ӯро фиреб карда, пулњояшро ба ман фирист, баъд ягон роҳашро ёфта, туро аз ӯ ҷудо мекунам.

Мувофиќи наќша Саид ба Маскав парвоз кард. Нигина аз омадани шавњараш чунон хурсанд буд, ки ногуфтанӣ. Саид ба мењрубонињои занаки сода нигариста, гоњо дилаш ба Нигина месӯхт, аммо ў танњо Манижаро дӯст медошт.

Ваќте ки Нигина хомиладор шуд, Саид сахт ба ѓазаб омада гуфт, ки тифлро исќоти хамл кун ва ё ман баромада меравам.

-Намекунам,-якрави кард Нигина.

-Он гањ, дигар маро намебинї, фањмидї?

-Ту аз ман халосї надорї. Ман хам туро мекушам, њам худамро.

-Бас кун, афсонаатро,-Саид дарро ба шатта зада баромада рафт...

Ҳамин тавр муносибати зану шавҳар бад шуд. Саид барқасди Нгина бо занҳои дигар соатҳо чақчақ мекард. Нигина аз рашк қариб девона шуда буд, баъзан вақти хоб шайтон васваса мекард, ки хезу шавњаратро дар хобаш буѓї карда куш, аммо астаѓфуруллоњ мегуфт.

Як рӯз гапи Нигина бо шавҳараш боз гурехту ҳарду ҷанг шуданд. Нигина аз Саид талаб мекард, ки бевабозиро бас кунад. Дар ҷавоб Саид ба сари занаш дод зад:

-Кори ту чи, муйдарози беаќл, бо касе, ки хоҳам, гап задан мегирам!

-Акнун мӯйњои дарози то зонуи ман ба ту писанд нест? Магар дар вақташ ба хотири кокулони дарозам маро хуш карда будӣ? Зани якумат мӯйи кӯтоњ дошту аќли кӯтоҳ, аммо ту њоло њам ба фикрам ӯро дуст медорї.

-Оре, дӯст медорам! Ман Манижаро дӯст медорам! Боз ягон гап дорӣ?! Дигар бо ту зиндагї кардан намехоњам. Дар дилам задӣ...

Саид ба ҳамин баҳона аз хона баромада рафт.

Нигина бо шиками дамидаву ашки шашќатор дар шањри серѓавѓои Маскав ӯро аз њар тољик љӯё мешуд, вале Саидро гӯё замин фурӯ бурда бошад, касе ӯро на дида буду на дар борааш чизе медонист...

Нигина кофта-кофта нишонии Саидро ёфт ва ба Тољикистон омада аз болои ӯ аризаи шикоятӣ навишт. Саид худро бегуноњ нишон дода мегуфт, ки ин зан туњматчї асту вай ӯро намешиносад. Нигина гирякунон қасам мехӯрд, ки тифли батнаш аз ҳамин мард аст, аммо Саид худро ба нодонӣ зада ба сари ӯ дод мегуфт: .

-Кадом тифл?! Аќлат љояшба ми? Ман оилаи ободу писарча дорам.

Нигина номардии Саидро дида, умедашро аз бар гардонидани бахт ва пуҳояш канд, вале хушбахтона дар ҳамон шабу рӯз Гуля ном як зани дигари фиребхӯрда, ки замни Манижа шавҳарашро ба ӯ ҳам фурӯхта буд, барои даъво крадан омад. Ин зани узбек дар даст забонхати Манижаро дошт. Далели раднашаванда ва шоҳидии ду зан басанда буд,ки шавњарфурушии Манижа исбот гардад, аммо дар ќонунгузорӣ чунин љазое муќаррар нашуда буд,ки барои шавњарфурушї таъин гашта бошад.

Кормандони мақомот аз Саид ва Манижа пулҳои Нигинаю Гуляро рӯёнда доданд ва он ду зани фиребхӯрда ба Маскав парвоз карданд, қиссаи шавњарфурушии Манижа бошад, вирди забони ањли маҳалла гашт. Манижа дигар аз шарм ба кӯча намебарояд...

 

Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Класс 2019-07-05, 18:21
?,,,,?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Класс 2019-07-05, 18:21
?,,,,?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД