Arzon march 2024
МАНИЖАИ САНГИН ЖУРНАЛИСТОНРО БА СУД МЕДИҲАД!
2679

Журналистон ва васоити ахбори омма дар тарғиби аҳли ҳунар, хоса, ҳунарпешаҳои театру кино ва сарояндагон нақши бузург доранд. Ҳунармадон маҳз бо шарофати радио, телевизион, ютуб, сомона ва маҷаллаву наршияҳо дар байни оммаи васеъи мардум тарғибу ташвиқ шуда, соҳиби шӯҳрату обрӯ ва давлату сарват мегарданд, аммо баъзан як ҳарф, як навор ва ё як навиштаи журналист нисбати ин ё он ҳунармарди машҳур метавонад ба сараш бало орад.

Баҳсу мунозира ва кашмакашиҳои журналистон бо аҳли санъат ва ҳунар падидаи тоза нест. Журналистон ва ҳунармандон аз лиҳози эҷодӣ робитаи хеле зич дошта бошанд ҳам, баъзан байнашон ранҷиш ва нофаҳмиҳои хеле калон ба вуҷуд омада, кор т суду судбозӣ мерасад. Манижаи Сангин, иштирокчии “Евровидение” низ баъди шӯҳратёр гаштан пӯстинашро чаппа пӯшида, журналистонро ба суд доданист. Моҷарои сароянда бо аҳли қалам ба қавли Спутник аз рӯйи як мавод сар задааст, ки дар он журналистон Манижаи Сангинро дар иртибт бо Кремл айбдор намудаанд.
Ин овозхони шинхта дар сафиҳаи Инстаграмми худ хабар додааст, ки тасмим дорад сармуҳаррири маҷаллаи Wonderzine Юлия Таратутаро ба суд диҳад.

"Чаро баромади Манижа дар Евровидение хуш нест"-чунин унвон дорад маводе, ки ин саряндаи тоҷиктабори Россияро ба ғазаб овардааст. Дар ин навишта Манижаи Сангинро дар иртибот бо Кремл муттаҳам намудаанд. Сармуҳаррири маҷалла чанд далелро, ки дар шабакаи Telegram нашр шудаанд, мисол оварда, мегӯяд, сафари Манижа ба Евровидение - 2021 бо дастгирии муовини роҳбари дастгоҳи президент Сергей Кириенко ва соҳибкор Юрий Ковалчук сурат гирифтааст.

Манижаи Сангин ҳамаи далелҳои овардаи маҷалларо бӯҳтон номида, изҳори тааҷҷуб намудааст, ки чӣ гуна як рӯзноманигори ботаҷриба чунин маълумотҳои бардурӯғро нашр намудааст.
"Вакилони дифои ман барои ҳимояи шаъну шарафи ману хонаводаам ҳатман маҷалларо ба суд медиҳанд", - навиштааст Манижаи Сангин.

Аммо Юлия Таратута ба ин мавзуъ назари дигар дорад ва мегӯяд, далелҳое, ки он вақт дар шабакаи Telegram нашр мешуданд, барояш муҳиму саривақтӣ буданд.

Ёдрас мешавем, ки Манижа Сангин зодаи Тоҷикстон буда, чанд сол боз дар Россия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии ин кишварро дорад. Сароянда ҳамчун намояндаи Россия дар озмуни байналмиллалии “Еврвидение-2021” бо таронаи Russian Woman таҳти рақами 5 баромад карда, ба даври финалии озмун роҳ ёфт. Клипи Манижаи Сангин аз тамоми иштирокчиёни озмун тамошобини бештар дошт, вале дар ҷамбасти озмун сарояндаро танҳо ба қойи 9-ум сазовор донистанд. Манижа изҳор доштааст, ки дигар дар “Евровидение” иштирок нахоҳд кард.
Манижаи Сангин дар “Евровидение” ғолибият ба даст наоварда бошад ҳам, иштирок намудан дар чунин як озмуни баландпоя барои ин сарояндаи ҷавони тоҷиктабор худ ғалаба буд, зеро бо шарофати ҳамин озмун аз як ҳунарманди барои бисёриҳо ношинос Манижа ба ҳунарманди радди аввал табдил ёфта, ба қатори ситораҳо дохил шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД