Мақомот аз соҳибони дронҳо даъват кард, ки қонунро риоя кунанд
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз соҳибони дронҳо даъват кардааст, ки ҳангоми истифодаи онҳо талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои фазои ҳавоиро риоя намоянд.
Ба иттилои агентӣ, пеш аз парвоз соҳибон бояд аз талаботи истифодаи фазои ҳавоии кишвар огоҳ бошанд, ҳавопайморо ба қайд гирифта, ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаҳои заруриро дастрас кунанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки макони парвоз пешакӣ санҷида шуда, маҳдудиятҳои амалкунанда ба назар гирифта шаванд. Парвози дрон набояд ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликияти онҳо ё бехатарии дигар ҳавопаймоҳо хатар эҷод кунад.
Агентӣ таъкид кардааст, ки парвози ғайриқонунӣ ё риоя накардани талаботи муқарраршуда метавонад боиси ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон гардад.